БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРТИ ОМӮЗИШӢ БО РОҲБАРОН ВА МУОВИНОНИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАР МАВЗУИ «ОМОДАГӢ БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ АЗ СИНФ БА СИНФ ГУЗАРОНИДАН ВА ТАТТИБИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2024-2025»

2 майи соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти умумии №35-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе семинар-машварати омӯзишӣ таҳти унвони «Омодагӣ ба баргузории аттестатсия барои гузариш аз синф ба синф ва татбиқи аттестатсияи хатм дар соли таҳсили 2024–2025» баргузор гардид.
Дар семинар кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, инчунин роҳбарон ва муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок варзиданд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳими марбут ба ташкили аттестатсияи гузариш аз синф ба синф ва аттестатсияи хатм барои соли таҳсили 2024–2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баромадкунандагон вобаста ба раванд, талабот ва муҳлатҳои баргузории имтиҳонҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ҷанбаҳои ташкилию методии баргузории аттестатсияро шарҳ доданд.