ҲАДАФ: ТАЪМИНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Таҳсилот ҳамчун пояи рушд ва омили асосии ташаккули ҷомеаи мутамаддин ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатдорӣ қарор дорад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки таҳаввулоти илмию фаннӣ ва техникиву технологӣ бо суръати баланд пеш меравад, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот на танҳо барои рушди миллии кишвар, балки барои рақобатпазирии он дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.

Дар ин замина, Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, як қадами муҳим ба сӯи такмил ва баланд бардоштани сифати таълим дар кишвар ба шумор меравад. Ин ҳуҷҷати муҳим, ки санаи 28 феврали соли 2025, дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифт, ба таъмини шароити мусоид барои рушди низоми таҳсилот, мутобиқсозии он бо меъёрҳои байналмилалӣ ва беҳбуди сифати таълим нигаронида шудааст.
Дар замони муосир, ки дониш ва маърифат калиди пешрафти давлатҳо мебошад, Ҳукумати мамлакат бо ҳидоятҳои хирадмандона ва татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурбинона таъмини таҳсилоти босифатро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор додааст. Бо қабули ”Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор барои рушди низоми маорифро фароҳам оварда, тадбирҳоеро амалӣ намуда истодааст, ки ҳадафи онҳо ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ намудани сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад. Ин иқдом собит месозад, ки Ҳукумати кишвар таъмини рушди давлатро дар асоси дониш ва маориф эълон намудааст, ки дер он таҳсилоти баландсифат ҳамчун сармояи бузург барои рушди миллат ва ҷомеа хизмат менамояд.
Бо ташаббусҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар, низоми маорифи Тоҷикистон дар як марҳилаи нав қарор гирифта, ба сӯи стандарти байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат ва мусоидат ба иштироки Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалии таҳсилот, ҳама аз тадбирҳои муҳими давлат барои таъмини таҳсилоти рақобатпазир маҳсуб меёбанд. Ҳукумати кишвар бо дарки амиқи зарурати тағйирот, раванди арзёбии сифати таҳсилотро низ шаффоф ва самаранок гардонида, бо ин васила барои ҳар як фарзанди миллат шароити мусоиди таҳсилро фароҳам меорад. Ин иқдом на танҳо ояндаи равшани ҷавононро таъмин мекунад, балки рушди устувори ҷомеа ва ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар низоми ҷаҳонии таҳсилот таҳким мебахшад.
Таҳия ва қабули чунин Стратегияи дарозмуддат аз нигоҳи зарурат ва аҳамияти таъмини таҳсилоти босифат, ки ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир бошад, ниҳоят муҳим аст. Стратегия равандҳои арзёбии сифати таҳсилотро такмил медиҳад ва барои баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва қобилиятҳои хонандагон заминаи устувор мегузорад.
Стратегияи мазкур дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи кунунии соҳаи маорифи мамлакат таҳия шуда, ҷиҳати такмили системаи арзёбии сифати таълим равона гардидааст. Ба ин васила, имкониятҳои фароҳамоварӣ барои арзёбии воқеии дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагон ба таври шаффоф ва одилона таъмин мегардад. Ҳадафи аслии ин Стратегия баланд бардоштани сифати таҳсилот тавассути ҷорӣ намудани усулҳои пешқадам, самаранок ва таъсирбахши арзёбӣ мебошад.
Аҳамияти Стратегияи мазкур дар он аст, ки он на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва донишҷӯён мусоидат мекунад, балки омӯзгоронро низ ташвиқ менамояд, ки дониши касбии худро такмил дода, усулҳои нави таълимро истифода баранд. Ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар арзёбӣ, таълимро самаранок ва мутобиқ ба талаботи замон мегардонад. Дар натиҷа, низоми таҳсилот натанҳо ба талаботи дохилӣ ҷавобгӯ хоҳад шуд, балки ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид мегардад.
Яке аз самтҳои муҳими Стратегия мутобиқ кардани низоми таълим ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Барои таълимгирандагон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ муҳим аст, ки онҳо дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд. Имрӯз, бо пешрафти технология ва рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, талабот ба мутахассисони соҳибкасб ва дорои малакаҳои муосир афзоиш меёбад. Агар низоми таҳсилоти кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ бошад, хатмкунандагони мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон метавонанд бо муваффақият дар бозори байналмилалӣ фаъолият намоянд.
Стратегия инчунин ба ҷорӣ намудани низоми шаффоф ва одилонаи баҳодиҳӣ равона шудааст. Дар гузашта, дар раванди арзёбии сифати таҳсилот мушкилоти зиёде ба назар мерасид, ки яке аз онҳо набудани низоми баҳогузории объективӣ буд. Акнун, бо ҷорӣ намудани усулҳои нав, имконият фароҳам меояд, ки сатҳи дониш ва малакаи таълимгирандагон бо усулҳои илмӣ ва бо истифодаи технологияи рақамӣ баҳо дода шавад. Ин раванд эътимоди ҷомеаро ба низоми маориф зиёд намуда, ба рушди соҳаи таълим мусоидат мекунад.
Яке аз самтҳои муҳими татбиқи ин стратегия баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон мебошад. Омӯзгорон бояд ҳамеша бо тағйироти нави соҳаи худ ошно бошанд ва усулҳои инноватсионии таълимро истифода баранд. Бо ҷорӣ намудани барномаҳои махсуси такмили ихтисос, омӯзгорон метавонанд малакаҳои худро такмил дода, бо усулҳои нави таълим ва арзёбӣ шинос шаванд. Ин раванд ба самаранокии раванди таълим таъсири мусбат расонда, сатҳи дарки хонандагонро баланд мебардорад.
Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва арзёбӣ яке аз унсурҳои муҳими ин стратегия мебошад. Дар асри рақамӣ, вақте ки технологияи иттилоотӣ дар ҳама соҳаҳо ворид шудааст, таҳсилоти босифат наметавонад бе истифодаи технологияҳои муосир рушд кунад. Барномаҳои рақамии таълимӣ, тестҳои интерактивӣ ва системаҳои автоматиконидашудаи баҳодиҳӣ метавонанд раванди таълимро самараноктар гардонанд. Дар натиҷа, таълимгирандагон метавонанд дониш ва малакаҳои худро дар муҳити инноватсионӣ рушд дода, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ шаванд.
Татбиқи Стратегия на танҳо ба рушди соҳаи маориф, балки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар низ таъсири мусбат мерасонад. Чӣ қадаре ки сатҳи таҳсилот баланд бошад, ҳамон қадар шаҳрвандони кишвар дар рушди ҷомеа ва Ватани худ бештар саҳм гузошта метавонанд. Маълум аст, ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таҳсилоти босифат диққати ҷиддӣ медиҳанд ва онро асоси рушди худ мешуморанд.
Боиси тазаккур аст, ки тибқи Стратегия бо мақсади баҳои воқеӣ додан ба сифати таҳсилот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалии таълим, ба монанди PISA, TIMSS ва PIRLS ширкат менамояд. Ин арзёбиҳо сатҳи дониш ва малакаҳои таълимгирандагони кишварро бо стандартҳои ҷаҳонӣ муқоиса намуда, нишон медиҳанд, ки дар кадом самтҳо камбудиҳо мавҷуданд ва баҳри ислоҳи онҳо чӣ чораҳо бояд андешида шаванд.
Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар чор марҳила амалӣ хоҳад шуд. Дар марҳилаи аввал, таҳлил ва омодасозии низоми баҳодиҳӣ сурат мегирад. Марҳилаи дуюм ба озмоиши усулҳои нав ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона мешавад. Дар марҳилаи сеюм, таҷрибаҳои пешқадам ва стандартҳои байналмилалӣ ба низоми таҳсилот мутобиқ карда мешаванд. Дар марҳилаи ниҳоӣ, натиҷаҳои бадастомада арзёбӣ гардида, низоми таҳсилот такмил дода мешавад.
Барои таъмини самаранокии татбиқи ин стратегия, мониторинг ва арзёбии доимии натиҷаҳо пешбинӣ шудааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута, ҳар сол натиҷаҳои татбиқи стратегияро таҳлил намуда, барои такмили минбаъдаи он тадбирҳо меандешад.
Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот яке аз қадамҳои муҳими Тоҷикистон дар роҳи таъмини таҳсилоти босифат ва рақобатпазирии байналмилалӣ мебошад. Бо ҷорӣ намудани низоми баҳодиҳии бисёрсатҳӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, сифати таҳсилот ба сатҳи нав баромада, имкониятҳои воқеӣ барои мутобиқшавии низоми маориф ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам мегардад. Ин раванд на танҳо ба шаффофияти арзёбии дониш ва малакаҳои таълимгирандагон мусоидат мекунад, балки ба рушди тафаккури интиқодӣ, малакаҳои эҷодӣ ва қобилияти ҳалли масъалаҳо низ таъсири мусбат мерасонад. Илова бар ин, чунин низоми баҳодиҳӣ имконият медиҳад, ки ҳар як таълимгиранда дар тӯли таҳсили худ аз арзёбиҳои гуногун гузашта, на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалии худро низ сайқал диҳад. Ин дар навбати худ, ба самаранокии раванди таълим, баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба талаботи иқтисоди рақамӣ мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, Стратегия на танҳо барои беҳбудии сифати таҳсилот, балки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва иқтисоди кишвар низ аҳамияти бузург дорад. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои он, ҳамкории тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла давлат, омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст. Танҳо дар сурати амалисозии ҳамаҷониба ва самараноки ин Стратегия, мо метавонем низоми таҳсилоти рақобатпазир ва инноватсиониро ташаккул диҳем, ки ҷавобгӯи талаботи асри нав бошад.
 
Шавкат КАРИМЗОДА,
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ