БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР ОМӮЗИШӢ ЗЕРИ УНВОНИ «НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА ВА МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ДОНИШ, МАЛАКА ВА МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БО ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИКИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ НОҲИЯИ РАШТ
5 майи соли 2025 дар Шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт, семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт ва омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия баргузор гардид.
Нахуст семинарро муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Амирхонзода Хуршед ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки татбиқи низоми баҳогузории 10-хола як қадами муҳиму саривақтӣ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини шаффофият ва адолат дар раванди арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон, инчунин такмили фаъолияти омӯзгорон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни семинар мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҷорӣ намудани низоми баҳогузории 10-хола яке аз иқдомҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он на танҳо арзёбии воқеии дониш, малака ва маҳорати хонандагон, балки такмили раванди таълим ва тақвияти фаъолияти омӯзгорон мебошад.
Дар идомаи семинар сардори раёсати таҳсилоти касбӣ (ибтидоӣ, миёна, олӣ ва баъдидипломӣ) Зарифзода Насим маъруза намуда, доир ба аҳамияти ҷорӣ намудани низоми баҳогузории 10-хола, нақши он дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди қобилияту истеъдоди хонандагон ибрози назар карданд.
Семинар бо рӯҳияи созанда ва ҳамкории судманд анҷом ёфта, изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷорӣ гардидани низоми баҳогузории 10-хола ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва ташаккули як низоми арзёбии муассири қобилиятҳои шахсии хонандагон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

