НАСЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАРКИ АРЗИШҲОИ ТАЪРИХӢ
Насли Истиқлол дар замоне ба дунё омадааст, ки ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳо қабл анҷом ёфта, сарзамини азизи мо Тоҷикистон аллакай истиқлоли давлатӣ ба даст оварда буд. Ин насл ҳеҷ гоҳ тарси садои тиру таркишро таҷриба накардааст; ашки чашми модареро, ки фарзанди худро ба майдони набард гусел мекард, надидааст.
Ҳарчанд насли Истиқлол дар замоне ба дунё омадааст, ки оташи ҷанги Бузурги Ватанӣ фурӯ нишаста буд ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи ҷаҳон арзи ҳастӣ мекард, ҳар сол бо фаро расидани рӯзи 9 май — Рӯзи Ғалаба — эҳсосоти пуршиддат ва амиқ мо насли Итиқлолро фаро мегирад. Ин рӯз барои ин насл танҳо як санаи тақвимӣ нест; он рамзи ҷасорат, фидокорӣ ва муборизаи онҳое мебошад, ки барои озодии башарият ҷон нисор кардаанд.
Ман сукут мекунам. Вале ин сукут аз камбуди калимаҳо нест, балки он сукуте аст, ки аз эҳтироми ботинӣ, андешаронӣ ва шинохти арзиши сулҳу осоиштагии имрӯза сарчашма мегирад. Дар паси ин сукут эҳсоси шукргузорӣ, ғаму андуҳ, ифтихор ва иртиботи рӯҳӣ бо таърихи гузашта нуҳуфтааст. Зеро мо ҷавоно бовар дорам, ки он ҷанг, он дард ва он ғалаба танҳо воқеаҳои гузаштаи таърихӣ набуда, балки ҳамчун қисмати ҷудонашавандаи ҳастии миллии мо, худшиносии ватандӯстонаи мо ва ахлоқи инсонӣ дар ниҳоди ҳар як фарди бошуури ҷомеа нақш бастааст.
Ба туфайли сулҳи пойдор, давлатдории мустақил ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар, муҳити ором ва амни иҷтимоӣ барои насли Истиқлол фароҳам омад. Ин муҳит ба ҷавонон имконият дод, ки дар фазои озод таҳсил намоянд, тарбия гиранд ва дар роҳи ташаккули шахсият ва худшиносии миллӣ қадамҳои устувор гузоранд.
Имрӯз, ҳар як ҷавони худогоҳ ва ватандӯст бояд дарк кунад, ки ҳифзи арзишҳои истиқлол ва сулҳу субот танҳо масъулияти роҳбарони сиёсӣ нест. Баръакс, ҳар фарди бедордил вазифадор аст, ки дар гиромидошти хотираи фидокориёни гузашта саҳм гирад, арзишҳои инсониро пос дорад ва дар сохтмони ояндаи обод, пурифтихор ва пешрафтаи кишвар нақши фаъол дошта бошад.
Ҳифзи сулҳ, эҳтироми таърих ва пайвастани посдории арзишҳо бо ҷаҳду талоши созанда, вазифаи ҳар як ҷавони худогоҳ ва ватандӯст аст.
Аҷдодони мо дар давраҳои душвори таърих бо ҷонфидоӣ ва матонат дар сафи ҷабҳаҳо истода, аз истиқлол ва озодии сарзаминамон ҳимоя мекарданд. Онҳо бо тамоми ҳастии худ ба арзишҳои миллӣ ва Ватан содиқ монданд. Дар он айём, душман рӯшан ва ошкор буд, мубориза — равшан ва мақсад — маълум.
Имрӯз, ҳарчанд шеваи таҳдидҳо тағйир ёфтааст, вале хатарҳо бо шаклҳои нав зуҳур мекунанд. Беҷиҳатӣ, бетафовутӣ, фаромӯшии мероси фарҳангӣ ва қадршиносии арзишҳои миллӣ метавонанд ҳамчун душманони нав зуҳур намоянд. Ин хатарҳо метавонанд мафкураи насли ҷавонро заиф намуда, ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиро коҳиш диҳанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ — санҷиши воқеии мардум
Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941–1945) яке аз фоҷиаовартарин, вале ҳамзамон ифтихорбортарин саҳифаҳои таърихи халқи шӯравӣ аст. Ҷангест, ки на фақат бар зидди артиши Олмони фашистӣ, балки бар зидди ғояи инсонситезонаи нажодпарастӣ ва зулм бурда шуд.
Аз Тоҷикистон, як кишвари хурд бо аҳолии андаки онвақта (тахминан 1,5 миллион нафар), беш аз 300 ҳазор нафар ба фронт рафтанд. Аз ин шумора, наздики 100 ҳазор нафар барнагаштанд. Ин рақамҳо танҳо омор нестанд – онҳо сарнавишти хонаводаҳо, деҳаҳо ва миллатанд.
Сарбозони тоҷик дар муҳорибаҳои шадид иштирок доштанд: дар муҳосираи Ленинград, дар ҷанги Сталинград, дар озодкунии Киев, Минск ва ҳатто дар ишғоли Берлин. Қаҳрамононе чун Ҳайдар Қосимов, Сафар Амиршоев, Назаршоев С. ва дигарон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гаштанд.
Аммо на танҳо ҷабҳа, балки ақибгоҳ ҳам саҳнаи мубориза буд. Занон, кӯдакон ва пиронсолон бо дастони худ хӯрок, либос ва муҳимоти ҷангӣ омода мекарданд. Тоҷикон маҳсулоти кишоварзӣ, пӯсти чорво, гандум, пахта ва ҳатто тиллоро ба фронт фиристоданд.
Маҳз ба ҳамин далел, ман ҳамчун як ҷавони худогоҳ ва ватандӯст, бовар дорам, ки хизмат ба Ватан имрӯз на танҳо дар майдони ҷанг, балки дар майдони илм, меҳнат ва ахлоқи шоиста ифода меёбад. Ҳар як фарди ҷомеа, бахусус насли наврасу ҷавон, вазифадор аст, ки бо донишандӯзӣ, ташаббускорӣ ва саҳми созанда дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ширкат варзад.
Хизмат ба Ватан — масъулияти муқаддас аст. Ин маънои худро дар садоқат ба арзишҳои миллӣ, дар эҳтиром ба таъриху фарҳанг, ва дар ҷустуҷӯи доимии пешрафт ва инкишофи шахсӣ низ ифода мекунад.
Сулҳи тоҷикон — мероси пойдори Пешвои миллат
Ҳар вақте ки сухан аз сулҳ ва амният дар кишвар меравад, наметавон аз нақши таърихӣ ва сарнавиштсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтирому сипоси амиқ ёд накард. Агар дар таърих ҷангҳои ҷаҳонӣ бо талафоти ҷонӣ ва хунрезиҳои бесобиқа анҷом ёфта бошанд, пас ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми милодии тоҷикон ба туфайли хиради сиёсӣ, иродаи матин ва раҳбарии оқилонаи Пешвои миллат поён ёфт. Ин сулҳ бо роҳи гуфтушуниди мутавозин ва афви ҳамдигарӣ амалӣ шуд, ки дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун падидаи нотакрор ва таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ сабт гардидааст.
Гарчи ман шахсан он замони пурошӯбро таҷриба накардаам, аммо тавассути омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва шунидани нақлу ёддоштҳои насли калонсол ба хубӣ дарк мекунам, ки сулҳи тоҷикон рӯйдоди тасодуфӣ набуд. Баръакс, он натиҷаи як ҷасорати таърихӣ, иродаи мустаҳкам ва масъулияти гарони миллӣ буд, ки роҳбарияти кишвар ба дӯши худ гирифт ва онро бо муваффақият анҷом дод. Имрӯз, дар фазои сулҳу субот, мо — насли ҷавон — имкони таҳсил, касбомӯзӣ, ташаккули шахсӣ ва нақшофарӣ дар рушди ҷомеа дорем.
Мо, ҷавонон, вазифадорем, ки ин сулҳу суботро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бо дониш, ҷаҳду талош ва садоқат ба Ватан дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузорем. Нигоҳдории сулҳ танҳо рисолати роҳбарият нест, балки масъулияти умумимиллӣ ва махсусан рисолати насли нав мебошад.
Бобоҷонзода Меҳрафрӯз,
корманди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ