БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ «ОИД БА ШУРОИ МЕТОДӢ ВА ИҶРОИ САРБОРИИ ТАЪЛИМИИ БАХШИ ФАНҲОИ ЗАМИНАВИИ НАҚШАҲОИ ТАЪЛИМӢ» ВА СЕМИНАР МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ДАР МАВЗУҲОИ «РАФТИ АМАЛИГАВИИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ», «ТАРТИБИ РОҲАНДОЗИИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ (ОМӮЗГОРӢ)» ВА «НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ОЛИИ КАСБӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Санаҳои 5-6 майи соли 2025 дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт семинар-машварати омӯзишӣ дар мавуи«Шурои методӣ ва иҷрои сарбории таълимии бахши фанҳои заминавии нақшаҳои таълимӣ» ва семинар-машварати дастурдиҳӣ дар мавзуҳои «Рафти амалигавии низоми кредитии таҳсилот»«Тартиби роҳандозии таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ)» ва «Низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои олии касбӣ» бо иштироки кормандони Маркази ҷумҳурияии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони раёсати Донишкада, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони масъул гузаронида шуд.
Семинарҳоро муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ – Хуршед Амирхонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро хайрамақдам гуфтанд ва доир ба мавзуи «Рафти амалигардонии низоми кредитии таҳсилот» суханронӣ карданд.
Дар суханронии Хуршед Амирхонзода зикр намуданд, ки гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ як иқдоми стратегии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии раванди таълим, таъмини омӯзиши босифат ва фароҳам овардани имкониятҳои мутобиқшавӣ ба низомҳои таҳсилоти байналмилалӣ мебошад. Ин низом ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки ҷараёни таҳсили худро бештар мустақилона идора намоянд ва барномаҳои таълимиро бо дарназардошти хоҳишу ниёзҳои инфиродӣ интихоб кунанд.
Дар идомаи семинар сардори раёсати таҳсилоти касбӣ (ибтидоӣ, миёна, олӣ ва баъдипломӣ)-Насим Зарифзода дар мавзуи «Тартиби роҳандозии таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ)» баромад намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ яке аз марҳилаҳои муҳими таҳсилоти омӯзгорӣ ба ҳисоб рафта, нақши калидӣ дар омодасозии кадрҳои болаёқати соҳаи маориф мебозад.
Насим Зарифзода қайд намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои таълимии таҷрибаомӯзӣ, зарур аст, ки ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки заминаи таҷрибаомӯзиро фароҳам месозанд, таҳким ёбад. Ӯ инчунин ба он ишора намуд, ки таҷрибаомӯзии босифат бояд на танҳо аз ҷиҳати ташкилӣ, балки аз ҷиҳати мазмун ва муҳтавои методӣ низ муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои давлатӣ бошад.
Сипас, мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти касбӣ-Ҳотам Садиров бо маъруза «Низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баромад намуда, ҷанбаҳои гуногуни татбиқи ин шакли таълимро мавриди таҳлил қарор дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти фосилавӣ яке аз имкониятҳои муҳими дастрасгардонии таҳсил барои донишҷӯёне мебошад, ки имкони иштирок дар таҳсили рӯзонаро надоранд. Ӯ таъкид намуд, ки барои татбиқи босамари ин низом, зарур аст, ки инфрасохтори техникӣ, платформаҳои омӯзишии рақамӣ, захираҳои таълимии электронӣ ва малакаи омӯзгорону донишҷӯён дар истифодаи технологияҳои муосир таҳким дода шаванд.
Ҳар ду баромад, боиси муҳокимаи фаъол ва пешниҳоди як қатор саволу пешниҳодҳо аз ҷониби иштирокчиён гардид, ки нишондиҳандаи таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва аҳамияти баланди ин мавзуъҳо дар системаи таҳсилоти олӣ мебошад.
Семинарҳо дар фазои корӣ ва ҳамандешӣ баргузор гардида, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва таҷрибаҳои судманд сурат гирифт.