БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ «ОИД БА ШӮРОИ МЕТОДӢ ВА ИҶРОИ САРБОРИИ ТАЪЛИМИИ БАХШИ ФАНҲОИ ЗАМИНАВИИ НАҚШАҲОИ ТАЪЛИМӢ» ВА СЕМИНАР МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУҲОИ «РАФТИ АМАЛИГАВИИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ», «ТАРТИБИ РОҲАНДОЗИИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ (ОМӮЗГОРӢ)» ВА «НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ОЛИИ КАСБӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ОМУЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
7-8 майи соли 2025 дар Донишкадаи омузгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент семинар-машварати омӯзишӣ ва дастурдиҳӣ «Оид ба шурои методӣ ва иҷрои сарбории таълимии бахши фанҳои заминавии нақшаҳои таълимӣ» ва семинар-машварати дастурдиҳӣ дар мавзуҳои «Рафти амалигавии низоми кредитии таҳсилот», «Тартиби роҳандозии таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ)» ва «Низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои олии касбӣ» бо иштироки кормандони Маркази ҷумҳурияии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони раёсати Донишкада, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони масъул гузаронида шуд.
Семинарҳоро муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ – Хуршед Амирхонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро хайрамақдам гуфтанд ва доир ба мавзуи «Рафти амалигардонии низоми кредитии таҳсилот» суханронӣ карданд.
Дар идомаи семинар сардори раёсати таҳсилоти касбӣ (ибтидоӣ, миёна, олӣ ва баъдипломӣ)-Насим Зарифзода дар мавзуи «Тартиби роҳандозии таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ)» баромад намуданд.
Сипас, мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти касбӣ-Ҳотам Садиров бо маъруза «Низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баромад намуда, ҷанбаҳои гуногуни татбиқи ин шакли таълимро мавриди таҳлил қарор доданд
Ҳамзамон, дар идомаи семинар мудири шуъбаи таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Азизов Х., бар доираи мавзуъҳои болозикр ақидаронӣ намуда, афзалияти чунин семинарҳоро дар такмили малакаҳои касбии омӯзгорон хеле муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо сатҳи тайёрии касбиро боло мебарад, балки имкони мубодилаи таҷриба ва баррасии мушкилоти амалии ҷараёни таълимро фароҳам месозад.
Семинарҳо дар фазои корӣ ва ҳамандешӣ баргузор гардида, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва таҷрибаҳои судманд сурат гирифт.





