БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БО ИШТИРОКИ МУОВИНОНИ РЕКТОРҲО (ДИРЕКТОРҲО), САРДОРОНИ РАЁСАТҲО ВА МУДИРОНИ ШУЪБАҲОИ ТАЪЛИМИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МУТОБИҚ ГАРДОНИДАНИ БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТӢ ВА НАҚШАҲОИ ТАЪЛИМИИ ИХТИСОСҲОИ БО ҲАМ МОНАНДИ МУАССИСҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ»
22 майи соли 2025 дар Маркази ҷумҳурияии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки муовинони ректорҳо (директороҳо), сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои таълими муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Мутобиқ гардонидани барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳои бо ҳам монанди муассисҳои таҳсилоти олии касбӣ» тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи мизи мудаввар муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Амирхонзода Хуршед суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки мутобиқсозии барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳои бо ҳам монанд яке аз масъалаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, татбиқи он метавонад ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, мусоидат ба ҳамгироии ихтисосҳо ва таъмин намудани талаботи бозори меҳнат мусоидат намояд.
Амирхонзода Хуршед ҳамзамон изҳор доштанд, ки дар шароити ҷаҳонишавии илму техника ва тағйирёбии босуръати талаботи иқтисоди миллӣ, зарурати мутобиқ кардани муҳтавои таҳсилот бо меъёрҳои замонавии миллию байналмилалӣ пеш омадааст. Дар ин замина, ҳамоҳангсозии барномаҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои ноил шудан ба як низоми ягонаи таълимӣ ва афзоиши рақобатпазирии мутахассисони ҷавон аҳамияти бузург дорад.
Дар идомаи мизи мудаввар мушовири директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Наврӯзов Ҳамзақул ибрози ақида намуда, зикр намуданд, ки мутобиқ гардонидани барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ бояд бо дарназардошти хусусиятҳои тахассусӣ, талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва ниёзҳои воқеии бозори меҳнат амалӣ карда шавад. Таъкид карда шуд, ки ягонагии низоми таҳсилот дар ихтисосҳои ҳамсон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар на танҳо ба беҳтар шудани сифати таълим, балки ба тавсеаи имкониятҳои таҳсилоти ҳамгиро (интегратсионӣ) мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни мизи мудаввар сармутахассиси раёсати таҳсилоти касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Насрулло Ҳабибов дар мавзуи «Мутобиқ гардонидани барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳои бо ҳам монанди муассисҳои таҳсилоти олии касбӣ» баромад намуда, қайд намуданд, ки мутобиқсозии барномаҳо танҳо як ҷузъи раванди ислоҳоти ҳамаҷонибаи низоми таҳсилоти олӣ ба шумор меравад ва он бояд бо таҳияи меъёрҳои ягонаи тахассусӣ, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва танзими мақсадноки равандҳои таълимӣ ҳамзамон амалӣ карда шавад.
Ҳамзамон, сардори раёсати таҳсилоти касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Зарифзода Насим муҳимияти мизи мудавварро ироа намуда, таъкид намуданд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо имконият медиҳанд, то миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳамоҳангӣ ва ҳамкории пурсамар дар самти мутобиқсозии барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад. Қайд карда шуд, ки баҳсу муколамаи озод ва табодули таҷрибаи муассисаҳо дар доираи мизи мудаввар метавонад ба таҳияи як низоми ягонаи таълимӣ, ки ба талаботи замон ва бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад, мусоидат намояд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар музокираҳо байни иштирокчиён сурат гирифта, доир ба масъалаи мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳои монанд ибрози назар намуданд.
Иштирокчиён ҳамзамон пешниҳод карданд, ки дар оянда як гурӯҳи кории муштарак аз ҳисоби намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва мутахассисони соҳа таъсис дода шавад, то ҷараёни мутобиқсозии барномаҳо бо таҳлили амиқ ва дар асоси меъёрҳои ягонаи соҳавӣ амалӣ гардад.



















