БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ЗЕРИ УНВОНИ «НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА ВА МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ДОНИШ, МАЛАКА ВА МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БО МУОВИНОНИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
29 майи соли 2025 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар Т. Тура команди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар мавзуи «Низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», баромад карда, қайд намуд, ки татбиқи низоми баҳогузории 10-хола як қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маҳсуб меёбад. Таъкид карда шуд, ки ин низом ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки натиҷаҳои таълимии хонандагонро бо истифода аз меъёрҳои дақиқ ва шаффоф арзёбӣ намоянд. Ҳар як хол дар ин низом маънои мушаххас дошта, сатҳи фаҳмиш, малака ва тавоноии хонандаро инъикос мекунад. Ин тарзи баҳогузорӣ, аз як тараф, ба рушди худбаҳодиҳии хонанда мусоидат намуда, аз ҷониби дигар, омӯзгоронро водор месозад, ки дар баробари омӯзиш, низоми арзёбиро низ бо масъулияти баланд ба роҳ монанд.
Т. Тура зикр кард, ки дар раванди татбиқи низоми нав омӯзгорон бояд на танҳо бо ҷузъиёти он шинос шаванд, балки усулҳои амалии татбиқ, роҳҳои муайянсозии нишондиҳандаҳои пешрафт ва истифодаи барномаҳои ёрирасонро низ аз худ намоянд. Ин талаб мекунад, ки ба омӯзиши мунтазами кадрҳои омӯзгорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Семинар бо рӯҳияи созанда ва ҳамкории судманд анҷом ёфта, изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷорӣ гардидани низоми баҳогузории 10-хола ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва ташаккули як низоми арзёбии муассири қобилиятҳои шахсии хонандагон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj