НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои воло ва муқаддаси ҳар як миллат ба шумор меравад, ки заминаи суботи ҷомеа ва рушду пешрафти давлатро таъмин мекунад. Барои миллати тоҷик, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бо як марҳилаи душвору пурошӯби таърихӣ – ҷанги шаҳрвандӣ – рӯ ба рӯ гардид, ваҳдати миллӣ ба як ниёзи ҳаётан муҳим табдил ёфт. Ин ҷанг, ки ҳазорон қурбонӣ, вайронии шаҳру деҳот ва пароканда шудани оилаҳоро бо худ овард, ҷомеаи моро ба як имтиҳони сангин кашид.
Дар чунин вазъияти буҳронӣ, зарурати ба ҳам омадани қишрҳои гуногуни ҷомеа ва таъмини сулҳу субот ба яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа мубаддал гардид. Ваҳдати миллӣ маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ ҳамчун наҷотбахши миллат зуҳур намуд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар рӯзи 27 июни соли 1997 ба таври расмӣ оғози марҳилаи нави ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро муайян намуд.
Имрӯз ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи сулҳу оромӣ, балки пояи асосии давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб меёбад. Тоҷикистон дар асоси ҳамин ваҳдат тавонист, ки низоми давлатӣ, сохторҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии худро тақвият бахшида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазовор пайдо намояд. Бидуни ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии миллӣ наметавон аз истиқлолияти воқеӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иҷтимоӣ сухан ронд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе ваҳдати миллӣ, бе эҳсоси ягонагии мардум ва бе иродаи мусбати шаҳрвандон барои ҳамзистии осоишта тасаввур кардан ғайримумкин аст. Ваҳдат на танҳо як арзиши сиёсӣ, балки як фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва ормони миллат гардидааст, ки бояд ҳамеша ҳифз ва пос дошта шавад.
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як марҳилаи бисёр ҳассосу печидаи таърихӣ ворид гардид. Мутаассифона, ба ҷои оғози рушди босуботи миллӣ, кишвар ба гирдоби ҷанги дохилии харобиовар кашида шуд. Ин ҷанги шаҳрвандӣ натанҳо ҷони ҳазорон шаҳрвандро гирифт, балки боиси вайроншавии зерсохторҳо, фалаҷ гардидани иқтисоди миллӣ, фурӯпошии тартиботи ҳуқуқӣ ва парокандагии ҷомеа гардид.
Дар ин марҳилаи фоҷиабор, тамоми қишрҳои ҷомеа бо оқибатҳои сангини ҷанг рӯ ба рӯ шуданд. Бисёре аз шаҳрвандон маҷбур гардиданд, ки ҷойи зисти худро тарк намоянд, ҳазорон оила аз ҳам пошид ва рӯҳияи ноумедӣ ва тарс ҷомеаро фаро гирифт. Дар чунин вазъ, зарурати фаврии сулҳ, оромӣ ва ваҳдати миллӣ бештар аз ҳарвақта эҳсос мешуд.
Мардум дарк карданд, ки танҳо бо роҳи гуфтугӯ, ҳамдигарбахшӣ ва муттаҳидӣ метавон аз ин вартаи ҳалокатбор раҳо ёфт ва ояндаи миллату давлатро наҷот дод. Ҳамин эҳсоси ниёз ба ваҳдат буд, ки заминаи муҳими оғози музокироти сулҳ ва дар ниҳоят расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро фароҳам сохт.
Ба туфайли талошҳои пайваста ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии кишвар, бахусус иқдому ҷасорати сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз ҳамчун нуқтаи анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи нави сулҳомезу созанда дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт гардид.
Имзои ин созишнома дар ҳақиқат як дастоварди таърихии миллӣ ва намунаи нодири ҳалли буҳрони сиёсӣ тавассути музокироти дохилӣ буд, ки дар ҷаҳон ҳам ба ҳайси «модели тоҷикӣ» пазируфта шудааст. Маҳз бо амалӣ гардидани Созишномаи сулҳ, кишвар ба роҳи суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ва бозсозии сохторҳои давлатдорӣ ворид шуд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз ҳамчун асос барои барқарорсозии фазои осоишта, баргардонидани гурезаҳо, аз нав сохтани муассисаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир хизмат кард.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи муҳими устувории сиёсӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат хизмат мекунад. Он ҳамчун омили асосии суботи дохилӣ имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони фарогир раҳо ёфта, ба роҳи бунёдкориву созандагӣ қадам гузорад. Баъди ба даст омадани сулҳ ва ризоияти миллӣ, заминаҳои воқеӣ барои ташаккули сохтори нави давлатдорӣ ва идомаи раванди ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ гузошта шуданд.
Тоҷикистон дар фазои осоишта ва муътадили ваҳдати миллӣ тавонист, ки сохторҳои асосии давлатӣ, низоми ҳуқуқӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро аз нав бунёд ва тақвият диҳад. Аз ҷумла, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бозсозӣ шуда, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ба марҳилаи рушд ворид гардиданд.
Маҳз дар фазои ваҳдат буд, ки Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он асоси ҳуқуқии давлатдории навинро ташкил дода, самтҳои асосии рушди демократӣ ва ҳуқуқбунёдро муайян намуд. Дар заминаи он интихоботҳои озоду шаффоф баргузор шуда, равандҳои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуданд.
Дар доираи сиёсати ваҳдатгароёна ва ҳадафҳои стратегӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо кишварҳои гуногуни дунё робитаҳои дипломатӣ, сиёсӣ ва иқтисодии худро барқарор ва густариш диҳад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол, ваҳдатгаро ва сулҳдӯст дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазовор пайдо намудааст ва ҳамкориҳои созанда бо ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст.
Бидуни шак, ин ҳама дастовардҳо дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагии сиёсӣ ғайримумкин буданд. Танҳо ба шарофати ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ, Тоҷикистони азизи мо тавонист ба яке аз кишварҳои амн ва устувори минтақа мубаддал гардад. Ваҳдати миллӣ танҳо як шиори хушнамо ё сухани расмӣ нест – он дар амал таҷассум ёфта, ба як падидаи воқеӣ ва меҳвари ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст. Маҳз ба туфайли ваҳдат ва ризоияти миллӣ, дар Тоҷикистон фазои суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеа таъмин гардид, ки он шарти асосии рушди устувор ва ҳамбастагии воқеии мардум дар тамоми гӯшаҳои кишвар ба шумор меравад. Ваҳдат ҳамчун нерӯи муттаҳидкунанда тамоми қишрҳои ҷомеаро гирди як ормон — бунёди давлат ва ҷомеаи пешрафта — муттаҳид сохт.
Баробари таҳкими субот, дар тамоми гӯшаҳои кишвар корҳои бузурги созандагӣ ба роҳ монда шуданд. Сохтмони иншооти муҳими инфрасохторӣ — роҳу пулҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ, мактабу бемористонҳо, муассисаҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ — оғоз ёфт. Ин раванд то имрӯз идома дорад ва ба шарофати ваҳдати миллӣ имрӯзҳо Тоҷикистон симои наву замонавӣ касб менамояд.
Ҳамаи ин дастовардҳо собит месозанд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик танҳо хотираи таърихӣ нест, балки як омили зиндаи пешбарандаи зиндагии имрӯза ва кафили ояндаи дурахшон мебошад.
Ваҳдати миллӣ заминаи асосии давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб меёбад ва нақши он дар таҳкими истиқлолият, амнияти миллӣ ва рушди ҳаматарафаи кишвар беш аз пеш намоён мегардад. Бидуни сулҳ, ризоияти миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа, гуфтан аз давлатдории устувор, пешрафти иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоӣ амри маҳол аст. Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки парокандагӣ, ихтилофи сиёсӣ ва нобоварӣ ба ҳамдигар ба нобудии тамоми дастовардҳои миллӣ оварда мерасонад.
Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид ва ба сӯи субот, оромӣ ва созандагӣ раҳнамун сохт. Дар ҳамин замина, имрӯз ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар — аз сиёсати дохилӣ то иқтисоди миллӣ ва аз маорифу тандурустӣ то фарҳангу муносибатҳои байналмилалӣ — дар фазои ваҳдат рушд мекунанд.
Пас, ҳифз ва тақвияти ваҳдати миллӣ, ки бо заҳмату талошҳои зиёд ба даст омадааст, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки ваҳдат на танҳо як дастоварди сиёсӣ, балки омили ҳастии миллат, сутуни истиқлолият ва кафили бақои давлат аст. Мо бояд ин арзиши бузургро ҳамеша пос дорем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда ҳамчун мероси бебаҳо, ҳамчун рамзи сарфарозии миллӣ ва сабақи таърихӣ интиқол диҳем.
Танҳо дар партави ваҳдат мо метавонем Тоҷикистони озоду обод, пешрафта ва муосирро бунёд намоем ва ояндаи дурахшони фарзандонамонро таъмин созем.
Бекмухамедов С. К.
корманди Маркази ҷумуҳуриявии таълимию методӣ.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj