ҲАМКОРИИ МУАССИР

27 августи соли 2025 вохӯрии гурӯҳи корӣ дар доираи лоиҳаи Лоиҳаи муштараки БИР /ФҲИР-ШГТ- ФОРБ оид ба дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) барои соли 2025 ба бозбинии барномаҳои таълимии сатҳи омодасозии омӯзгорон доир гардид.

Дар вохӯрӣ шахсони зерин иштирок намуданд:
– Каримзода Шавкат – директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ;
– Холмуродов А. – мушовири миллӣ;
– Иброҳимзода Ҷ. – мушовири миллӣ;
– Намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
 
Нахуст суханро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Шавкат Каримзода, ҳусни оғоз бахшида қайд намуданд, ки бозбинии барномаҳои таълимӣ дар заминаи талаботи замон, рушди соҳаи маориф ва эҳтиёҷоти муҳити касбӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Зикр карда шуд, ки ҳамоҳангсозии барномаҳои омодасозии омӯзгорон бо Стратегияи миллии рушди маориф на танҳо шарти муҳими такмили сифати таълим, балки омили калидии рушди устувори низоми маориф дар кишвар мебошад.
Шавкат Каримзода изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои ин вохӯрӣ барои таҳияи қадамҳои мушаххас дар самти такмил ва татбиқи барномаҳои таълимӣ заминаи мустаҳкам хоҳанд гузошт.
Ичунин дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи барномаҳои таълимии нав, мутобиқсозии онҳо ба талаботи муҳити кории муосир, инчунин таъмини пайвастагии онҳо бо ҳадафҳо ва вазифаҳои Стратегияи миллии рушди маориф баррасӣ гардиданд. Иштирокчиён зарурати ворид намудани методҳои инноватсионии таълим, рушди малакаҳои амалии омӯзгорон ва такмили механизмҳои арзёбии натиҷавии омӯзишро таъкид намуданд.
Бо назардошти тағйирёбии талаботи бозори меҳнат ва рушди босуръати технология, иштирокчиён аҳаммияти таълими муттасил ва бозомӯзии омӯзгоронро ҳамчун унсури калидӣ дар пешбурди ислоҳоти соҳаи маориф таъкид карданд. Бар асоси натиҷаҳои муҳокима, гурӯҳи корӣ ба таҳияи тавсияҳои мушаххас барои такмил ва татбиқи марҳилаи минбаъдаи барномаҳо иқдом намуд.
Вохӯрӣ бо рӯҳияи ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ ҷараён гирифта, заминаи мусоид барои амалисозии қадамҳои минбаъда дар раванди бознигарии барномаҳои таълимӣ ва таҳкими сатҳи касбии омӯзгорон фароҳам овард.