26 августи соли 2025 дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР /ФҲИР-ШГТ- ФОРБ оид ба дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) барои соли 2025 вохурии навбатии гурӯҳи корӣ оид ба бозбинии барномаҳои таълимии сатҳи омодасозии омӯзгорон баргузор гардид.
Вохури бо иштироки директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода, мушовири байналмилалӣ Рената Ионина, мушовирони миллӣ Умарова Б., Муртазоева Д., Холмуродов Б., Иброҳимзода Ҷ ва дигар аъзоёни гурӯз аз муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок варзиданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳияи барномаҳои таълимии нав ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи замони муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аъзоёни гурӯҳи корӣ натиҷаҳои марҳилаи аввалро мавриди таҳлил қарор дода, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмил ва рушди минбаъдаи барномаҳо ироа намуданд.
Шавкат Каримзода зимни суханронии худ аҳаммияти ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимиро бо стратегияҳои миллии соҳаи маориф таъкид намуда, изҳор дошт, ки «омӯзгори касбӣ ва боихтисос заминаи асосии пешрафти низоми таълим ба шумор меравад».
Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ мушовири байналмилаӣ Рената Ионина омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, татбиқи усулҳои нави таълим ва рушди малакаҳои амалии омӯзгорон баррасӣ намуда, аҳаммияти ҷорӣ намудани механизмҳои баҳодиҳии самаранокии барномаҳои таълимиро махсус зикр карданд.
Вохӯрӣ бо қабули тавсияҳои мушаххас барои марҳилаи навбатии бозбинии барномаҳо ҷамъбаст гардид. Қадамҳои минбаъда оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои мутобиқ ба ниёзҳои муҳити кории омӯзгорон дар рӯзҳои наздик амалӣ хоҳанд гашт.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj