Дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Илму дониш ҳамеша чароғи равшани роҳи башарият буда, дар ҳама давру замон сутуни асосии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз қадимулайём, ҳангоме ки мардуми мо рӯй ба мактабу маърифат овардаанд, рӯзгори онҳо обод, давлаташон пешрафта ва ҷомеаашон пур аз фарҳанг гардидааст.
Ин қонуни зиндагист: ҷомеае, ки ба илму дониш арҷ мегузорад, роҳи саодатро пеш мегирад; ва миллате, ки аз маърифат дур мемонад, дар гирдоби ҷаҳолат маҳв мешавад.
Бузургони илму адаби мо борҳо таъкид кардаанд, ки саодати инсон дар дониш аст. Ҳаким Фирдавсӣ ҳазор сол қабл фармуда буд: «Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад». Ин сухани пурарзиш то имрӯз қимати худро гум накардааст. Зеро дониш қудрат аст ва он инсонро ба мартабаи баланд мерасонад.
Мардуми тоҷик дар тӯли таърих ҳамчун миллати фарҳангӣ ва соҳибтамаддун шинохта шудааст. Маҳз бо сарвати маънавӣ ва илму адаб тавонистааст аз ҳама гуна хатарҳо раҳои ёбад ва номбардори худ бошад. Китоб, дафтар, қалам ва мактаб ҳамеша рамзи ҳувияти фарҳангии миллати мо будааст.
Мактаб – ин даргоҳи муқаддас, ин маъбади маърифат – ҷойест, ки ояндаи миллат аз он оғоз мегардад. Мактаб на танҳо манбаи дониш, балки оинаи ахлоқ, хирад ва инсонсозӣ аст. Ҳар хонандае, ки аз даргоҳи мактаб мегузарад, ба оянда бо умед қадам мегузорад. Падару модар фарзанди худро ба мактаб месупоранд, то ӯ на танҳо босавод, балки боахлоқ, хушрафтор ва соҳибмакон ба камол расад.
Омӯзгор дар ин роҳ нақши нурофарро дорад. Ӯ қалбҳоро бо илму маърифат равшан месозад, ақлҳоро ба сӯи хирад роҳнамоӣ мекунад ва шахсиятҳои комилро тарбия менамояд. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа бо эҳтироми хос ёд мешавад.
Имрӯз, ки ҷаҳони муосир пур аз техникаву технологияҳои навин аст, барои ҷавонон зарур аст, ки ҳамқадам бо замон бошанд. Омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ на танҳо талаботи замон балки кафолати комёбии фардо мебошад.
Илму дониш мисли ҷавшане ҳастанд, ки инсонро аз мушкилоти зиндагӣ муҳофизат мекунанд. Онҳо калиди кушодани дарҳои муваффақият ва бунёди ҷомеаи ободу пешрафтаанд. Аз ин рӯ, ҳар ҷавон бояд кӯшиш намояд, ки дониш омӯзад, ҳунар андӯзад ва бо фарҳанги неку ахлоқи баланд оро дода шавад.
Зиндагӣ бидуни маърифат мисли шаби тира бидуни чароғ аст. Вақте қалб бо дониш равшан мешавад, инсон дар ҳар роҳи зиндагӣ роҳро меёбад ва ба мақсад мерасад.
Шавкат КАРИМЗОДА,
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ,
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ,
номзади илмҳои педагогӣ

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj