ТОҶИКИСТОН ДАР 34 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: РОҲЕ ПУР АЗ ИБРАТ ВА КОМЁБӢ

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як халқу миллат ҳамчун волотарин арзиши миллӣ ва неъмати бебаҳо шинохта мешавад. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият “муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.”

9-уми сентябри соли 2025, мардуми сарбаланди Тоҷикистон 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро бо шукуҳу шаҳомати хос ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҷашн мегиранд. Ин сана барои ҳар фарди тоҷик на танҳо хотирмон, балки санаи таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, ки миллати тоҷикро ба марҳилаи навини давлатдорӣ ворид сохт.

Истиқлолият барои миллати тоҷик чун офтоби саодатбахш дар фазои сиёсии номуайяни охири асри XX тулӯъ кард. 9-уми сентябри соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва ҳамин тавр саҳифаи тозае дар таърихи давлатдории миллӣ боз гардид.

Аммо марҳилаи аввалини истиқлолият, ки мебоист оғози бунёди як ҷомеаи наву озод бошад, ба туфайли амалҳои хоинонаи душманони миллат, ба як давраи басо вазнин ва фоҷиабор мубаддал гашт. Талошҳои нерӯҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ кишварро ба гирдоби бесуботӣ, мухолифат ва оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонданд. Дар натиҷа, суботи сиёсӣ ва амнияти миллии давлат зери хатар қарор гирифт, ва ҳатто эҳтимоли пароканда гардидани миллат ва нобуд шудани давлати тозабунёди тоҷикон матраҳ буд.

Он рӯзҳои сангини таърих, ки бо хунрезиҳо ва фоҷиаҳои азим ҳамроҳ буданд, ҳаргиз аз хотираи халқи тоҷик фаромӯш нахоҳанд шуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, миллати тоҷик дар ниҳоят бо сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат тавонист аз ин гирдоби даҳшатбор наҷот ёбад ва ба роҳи сулҳ, ваҳдат ва созандагӣ қадам гузорад.

Имрӯз Истиқлолият барои мардуми тоҷик танҳо як падидаи ҳуқуқӣ нест, балки манбаи ифтихор, худшиносии миллӣ ва таҳкими давлатдории муосир ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ, соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар аз ҷумла, иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, энергетика ва инфрасохтор рушд ёфта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоистаро касб намудааст.

Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як вазъияти басо печида ва фоҷиабор рӯ ба рӯ гардид. Беқурбшавии арзишҳои миллӣ, таҳрики мухолифатҳои дохилӣ, дахолати манфиатҳои хориҷӣ ва мавҷуд набудани як роҳбари воҳид кишварро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ бурд, ки оқибатҳои фоҷиабори он барои миллати тоҷик мудҳиш ва фаромӯшношуданӣ буданд.

Дар чунин вазъияти бисёр ҳам пуртаниш ва сарнавиштсоз, фарзандони ватанпарасту бедордили миллат, ки аз ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ саршор буданд, ба хулосаи дастаҷамъона расиданд: барои ҳарчи зудтар қатъ кардани ҷанг, барқарор сохтани сулҳ ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардад. Ин иҷлосияи таърихӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ҳамчун санади наҷоти миллат ба таърих ворид гардид.

Маҳз дар ҳамин иҷлосия қадамҳои аввалин дар роҳи сулҳофарӣ, барқарории сохторҳои давлатдорӣ ва гузоштани заминаи оштии миллӣ гузошта шуданд. Қарору санадҳои қабулгардида дар ин иҷлосия ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқта нагузоштанд, аммо шароити мусоиди сиёсиву ҳуқуқиро барои оғози раванди сулҳ муҳайё карданд.

«Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ на танҳо иҷлосия, балки оғози эҳёи умеди миллӣ ва рамзи иродаи ягонаи халқи тоҷик буд.»

Аз ин марҳала то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997), кишвар аз як роҳи басо душвор ва пур аз санҷишу муборизаҳо гузашта, дар ниҳоят тавонист бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро барқарор намуда, ба марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ворид гардад.

Ҳарчанд дар ибтидои истиқлолият шароити сиёсию иҷтимоӣ басо печида ва таҳдидомез буд, вале Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба қувваи халқи бедор, иродаи сиёсӣ ва сиёсати ватандӯстонаи роҳбарият тавонист худро дар муқобили душманони дохилию хориҷӣ муҳофизат намояд.

Тоҷикистон аз яке аз вазнинтарин имтиҳонҳои таърихӣ ҷанги шаҳрвандӣ бо сари баланд гузашт ва истиқлолияти худро на танҳо ҳифз намуд, балки онро ба як падидаи устувори сиёсӣ ва заминаи давлатдории миллӣ табдил дод.

Имрӯз Тоҷикистон дар натиҷаи сулҳи устувор ва ваҳдати миллӣ ҳамчун як кишвари ором, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ шинохта мешавад. Маҳз дар фазои Истиқлолият ва суботи сиёсӣ тамоми соҳаҳои ҳаёт аз маорифу илм то иқтисоду фарҳанг рушду пешрафт ёфта истодаанд.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ

Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 34 сол қабл – 9 сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, ба мардуми тоҷик имкони таърихӣ фароҳам овард, то роҳи мустақили давлатдорӣ, сиёсат, иқтисод ва фарҳанги миллиро интихоб намояд. Дар тӯли ин солҳо, Тоҷикистон дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар ва заҳмати халқи заҳматкаши он мебошад.

Рушди низоми давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои сиёсӣ

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлол таҳкими пояҳои ҳокимияти давлатӣ ва ташаккули низоми муосири идоракунии сиёсии кишвар мебошад. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 ва таъсиси мақомоту сохторҳои қонунии давлатдорӣ, асосҳои давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд. Ҳамчунин, ташкил ва рушди ҳизбҳои сиёсӣ, озодии матбуот, баргузории интихоботҳои демократӣ ва иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат аз муҳимтарин нишонаҳои рушди ҳаёти сиёсии кишвар дар давраи истиқлол мебошанд.

Гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ

Баъди пош хӯрдани низоми шӯравӣ ва ба даст омадани истиқлол, Тоҷикистон якбора ба зарурати гузариш аз иқтисоди марказонидашуда ба иқтисоди бозорӣ рӯ ба рӯ гашт. Ин раванд душвору пурпечутоб буд, вале бо қабули стратегия ва барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ кишвар тавонист заминаҳои муносиб барои ташаккули бозори озод, ташвиқи соҳибкорӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷиро муҳайё намояд. Имрӯз Тоҷикистон дорои низоми бонкӣ, андозбандии муосир ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад, ки ба рушди бахши хусусӣ ва иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.

Пешрафт дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 34 соли истиқлолият соҳаҳои иҷтимоиро ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф намудааст. Пеш аз ҳама, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ шоҳиди тағйироти назаррас шуданд. Бунёди мактабу донишгоҳҳо, муассисаҳои тиббӣ, болоравии сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва омӯзиши кадрҳои баландихтисос, аз ҷумлаи комёбиҳои муҳим маҳсуб мешаванд. Дар баробари ин, эҳё ва густариши фарҳанги миллӣ, забони тоҷикӣ, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои таърихӣ дар фазои истиқлол равнақи тоза пайдо карданд.

Нақши истиқлол дар баланд бардоштани эътибори байналмилалӣ

Дар давраи соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Кишвар имрӯз бо аксарияти давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад, аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад ва дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, тағйирёбии иқлим ва истифодаи манбаъҳои об, саҳми назаррас мегузорад. Пешниҳодҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об, аз ҷумла ташаббусҳои Пешвои миллат дар СММ, нишонаи мавқеи устувори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

541736824_122166389456450014_8891236752218127627_n
Кабутов Лутфулло,
Ҳуқуқшиноси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ