Санаи 5 сентябри соли 2025 бо ташаббус ва ташкили Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлолият – омили рушди соҳаи маориф» баргузор гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби муовини директори Марказ, Амирхонзода Хуршед оғоз ёфт. Дар баромади худ мовини диретори Марказ зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик заминаи воқеии рушди устувори соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла низоми маориф гардид. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ муассисҳаои нави таълимӣ ифтитоҳ ёта, имкониятҳои таълиму тадрис бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд ва шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам омад.
Сипас, бо маърӯзаи илмӣ-амалӣ мутахассиси пешбари Марказ Содиров Ҳотам баромад намуд. Мавсуф бо такя ба таҳлилҳои илмӣ ва маълумоти оморӣ дастовардҳои соҳаи маорифро дар даврони Истиқлолият арзёбӣ карда, самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ дар бахши маорифро шарҳ дод. Аз ҷумла, вай ба масъалаҳои такмили барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, рушди таҳсилоти фарогир ва ҳамгироии маорифи миллӣ бо низоми ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Дар идомаи кори конференсия таъкид шуд, ки Истиқлолият на танҳо ба таҳкими зербинои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуд, балки заминаи худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани завқи донишомӯзӣ ва ташаккули насли нав бо ҷаҳонбинии илмиву технологӣ-ро фароҳам овард.
Иштирокчиёни конференсия ба хулоса омаданд, ки Истиқлолият ҳамчун омили сарнавиштсоз имкон дод, то низоми маорифи тоҷик дар радифи низомҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ қадам гузорад. Бо дарки масъулият таъкид гардид, ки вазифаи муҳаққиқон ва аҳли маориф аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои Истиқлолият сифати таҳсилотро боз ҳам баланд бардоранд, барномаҳои миллиро бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созанд ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва пешрафти илмӣ тарбия намоянд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj