СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик рӯйдоди таърихиест, ки сарнавишти нав ва дурнамои равшани ҷомеаро муайян намуд.
Маҳз дар партави Истиқлолият тоҷикон тавонистанд бо ифтихори миллӣ ва иродаи устувор пояҳои давлатдории навинро таҳким бахшанд, заминаи рушди қавии иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам оваранд ва сиёсати хирадмандонаеро роҳандозӣ намоянд, ки дар маркази он инсон, маърифат, дониш ва рушди кишвар қарор дорад.
Дар ин миён соҳаи маориф ба сифати самти афзалиятнок ва меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат мақоми хос пайдо намуд. Аз рӯзҳои нахустини ба даст омадани истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди кишвар бидуни илму дониш ва омӯзиши ҳамаҷонибаи насли наврас имконнопазир аст. Бо ҳамин далел, мақоми омӯзгор ҳамчун неруи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа дар сиёсати давлатӣ мақоми хоса пайдо карда, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва махсусан, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сатҳу сифати таълим ба тадриҷ боло рафт. Ҳамаи ин нуктаҳо собит месозанд, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф, дар асл, таваҷҷуҳ ба истиқлолияти маънавӣ ва тақдири ояндаи миллат мебошад. Маҳз тавассути таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ва дастгириҳои пайгиронаи он кас соҳаи маориф ба як сутуни устувори Истиқлолият табдил ёфтааст. Зеро, Истиқлолият танҳо вақте маънои воқеӣ мегирад, ки ҷомеа тавонад худ мутахассисони сатҳи ҷаҳониро омода созад ва насли ояндаро бо илму дониши муассир мусаллаҳ намояд. Ин рисолати муқаддас ва пурмасъулият ба дӯши омӯзгорон гузошта шудааст.
Омӯзгор дар ин сиёсати миллӣ мақоми беназир дорад. Ӯ на танҳо расонандаи дониш, балки тарбиятгари инсоният ва роҳнамои насли ояндасоз мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳамин ҳақиқат таъкид менамоянд: “Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад”. Барои арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон, аз як тараф, Қонуни махсус «Дар бораи мақоми омӯзгор» пешниҳод гардид, аз ҷониби дигар, маоши омӯзгорон пайваста боло бурда шуда, ҳамзамон дастгириҳои иҷтимоии онҳо васеъ гардидааст. Ҳамин тавр, омӯзгор ҳамчун шахсияти калидӣ дар тарбияи насли наврас ва созандагони ояндаи давлат мавқеи ифтихорӣ пайдо кардааст.
Се даҳсола фаъолияти соҳаи маориф шаҳодати равшани он аст, ки Тоҷикистон роҳи дурусти таҳаввулро интихоб кардааст. Танҳо дар давраи Истиқлолият ҳазорон муассисаи таълимӣ бунёд гардид, садҳо барномаҳои ислоҳотӣ амалӣ шуданд ва садҳо ҳазор ҷавонон соҳиби шароити мусоиди таҳсилу тарбия гардиданд. Бояд гуфт, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмӯъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ин нишондиҳанда далели қавии сиёсати иҷтимоии давлат ва Сарвари он нисбати маориф аст.
Ҳамзамон, дар солҳои истиқлолият барномаҳо ва консепсияҳои зиёди давлатӣ қабул шуданд, ки ҳадафи асосии онҳо таҳкими заминаи моддиву техникии мактабҳо, баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани усулҳои муосири тадрис ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ мебошанд.
Дар сиёсати кунунӣ таваҷҷуҳи махсус ба фанҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ равона шудааст. Таълими босифати ин фанҳо барои омода намудани мутахассисони баландихтисосу эҷодкор, ки иқтисоди миллиро ба сӯйи саноатикунонии босуръат мебаранд, зарур мебошад. Ҷомеае, ки фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷиро ба таври амиқ меомӯзад, ҳамқадами замон буда, имкони ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатиро бештар ба даст меорад. Дар ин баробар, Пешвои миллат дар баробари донистани забони модарӣ бо чандин азбонҳои хориҷӣ сухандону суханвар шудани насли ояндасозро пайваста таъкин менамоянд.
Истиқлолият имконият дод, ки кишвар ба самти таҳсилоти босалоҳият ва рақамӣ қадам гузорад. Ворид шудани стандартҳои нави таълимӣ, ҷорӣ гардидани фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ дар маркази сиёсати давлат дар раванди таълим қарор гирифтанд. Ин ҳама барои он аст, ки ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ҳамқадам бошад ва ҷавонон бо тафаккури техникӣ, ҷаҳонбинии муосир ва мафкураи созандагию бунёдкорӣ ба воя расанду худогоҳии онҳо рушд ёбад.
Ҳамин тавр, Истиқлолият ба маориф на танҳо фазои озод барои рушд, балки имконияти бузург барои ҳамгироии арзишҳои миллӣ бо талаботи ҷаҳони муосирро фароҳам овард. Агар иқтисодиёт барои пешрафти моддӣ ҷавобгӯ бошад, маориф ва илм барои ҳифзи истиқлолияти маънавӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ кафолат медиҳанд.
Феълан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои нав ва вусъати иқтисоди рақамӣ баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор мегузорад, нақши маориф боз ҳам муҳимтар мегардад. Танҳо тавассути таълими босифат ва тарбияи мутахассисони донишмандони ихтирокор метавон ҳадафҳои стратегиро амалӣ кард ва пояҳои истиқлолиятро мустаҳкаму устувор намуд.
Бинобар ин, метавон гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ, балки сарчашмаи қудрат, пояи устувори давлатдорӣ ва омили пешрафти миллӣ мебошад. Дар ҳамин партави равшан, маориф ба унвони чароғи ҳамешабаҳор роҳи истиқлолиятро равшан месозад ва ба наслҳо ҳикмати худшиносиву худсозӣ меомӯзад.
Маҳз тавассути маорифи рушдёфта ва омӯзгорони ватандӯст метавонем пояҳои истиқлолиятро таҳким бахшем. Омӯзгор бо меҳру муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба касби худ насли донишмандро ба воя мерасонад ва ҳамин насл кафили ояндаи шукуфон ва пояндагии давлати соҳибистиқлоли мост.
Пойдории истиқлолият аз мактаб оғоз меёбад, бо қалами омӯзгор таҳким меёбад ва дар дили хонандагон ҳамчун арзиши ҷовидонӣ устувор мемонад. Танҳо бо дониш, худшиносӣ ва садоқати насли ҷавон Тоҷикистон метавонад ба сӯи фардои боз ҳам дурахшон раҳнамоӣ шавад.
Шавкат КАРИМЗОДА,
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ,
номзади илмҳои педагогӣ