ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА АРЗЁБИИ МИЛЛИИ ОМӮЗИШ

10 сентябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ оид ба арзёбии миллии омӯзиш баргузор гардид.
Дар кори вохӯрӣ Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода, намояндагони ЮНИСЕФ – Қурбонова Малика ва Ишонова Сайёра, инчунин мушовири миллӣ Мансурова Лола ва кулли гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳия ва татбиқи низоми устувори арзёбии миллии сатҳи дониши хонандагон, истифодаи усулҳои муосири омӯзишсанҷӣ, ҳамгироии меъёрҳои байналмилалӣ ва мутобиқсозии онҳо ба шароити таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён зарурати таҳияи абзорҳои ягонаи арзёбӣ, баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон дар самти арзёбӣ ва густариши фарҳанги истифодаи натиҷаҳои арзёбӣ дар сиёсати маорифро таъкид намуданд. Ҳамзамон таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар соҳаи арзёбии миллӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, роҳҳои мутобиқ намудани он ба воқеияти соҳаи маорифи кишвар муҳокима гардиданд.
Дар охир, гурӯҳи корӣ нақшаи чорабиниҳои минбаъдаро барои такмил додани низоми арзёбии миллӣ, таҳияи дастурамалҳои методӣ ва гузаронидани омӯзишҳо барои мутахассисони соҳа таҳия намуд.