РӮЗИ ЯКУМИ СЕМИНАР БО ГУРӮҲИ КОРШИНОСОН ОИД БА БОЗБИНӢ ВА ТАКМИЛ ДОДАНИ БАРНОМАҲОИ ТАЙЁРКУНИИ ОМӮЗГОРОН ДОИРАИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ БИР /ФҲИР-ШГТ- ФОРБ ОИД БА ДАСТГИРИИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (МАРҲИЛАИ II) ДАР МАВЗУИ КОР ДАР ТАҲЛИЛИ ФУНКСИОНАЛӢ (ТАҲЛИЛИ БАРНОМА ВА БАРНОМАИ ТАЪЛИМӢ)
18 сентябри соли 2025, дар доираи амалӣ намудани БИР/ФҲИР-ШГТ – ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II), семинар бо гурӯҳи коршиносон оид ба бозбинӣ ва такмил додани барномаҳои тайёркунии омӯзгорон баргузор гардид. Мавзуи асосии «Кор дар таҳлили функсионалӣ (таҳлили барнома ва барномаҳои таълимӣ)» бахшида шуда буд.
Дар кори семинар директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Каримзода Ш., мушовири байналмилалии лоиҳа Ионина Р., мушовири миллӣ Умарова Б., намояндагони ЮНИСЕФ Қурбонов Ҷ. ва Меҳровари К., инчунин намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии равияи омӯзгорӣ ширкат варзиданд.
Семинарро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Каримзода Ш. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, зикр намуданд, ки баргузории чунин семинарҳо барои бозбинӣ ва такмили муҳтавои барномаҳои таълимии омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ муҳим ва саривақтӣ мебошанд. Ӯ таъкид намуд, ки рушди соҳаи маориф бе баланд бардоштани сатҳи тайёрии омӯзгорон ғайриимкон аст ва таҳлили амиқи барномаҳо бояд ба такмили малакаҳои касбии омӯзгорон равона гардад.
Дар идомаи семинар мушовири байналмилалии лоиҳа, мушовири байналмилалии лоиҳа Ионина Р., бобати муҳимияти таҳлили функсионалӣ ва равиши барномасозӣ дар низоми омодасозии омӯзгорон суханронӣ намуда, қайд кард, ки чунин таҳлил имкон медиҳад, ки барномаҳо ба ниёзҳои воқеии муҳити таълимӣ мутобиқ карда шаванд. Вай ҳамзамон таҷрибаи байналмилалиро дар ин самт муаррифӣ намуд ва пешниҳодҳои мушаххас барои бозбинӣ ва такмили муҳтавои барномаҳо пешниҳод кард.
Мушовири миллӣ Умарова Б. дар идомаи семинар бо муҳтавои амиқ баромад намуда, қайд кард, ки таҳлили функсионалӣ на танҳо як усули академикӣ, балки як василаи муҳим барои муайян кардани муваффақият ва камбудиҳои амалии барномаҳои таълимӣ мебошад. Вай зарурати ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва даргир намудани омӯзгорони амалкунандаро дар ҷараёни таҳия ва бознигарии барномаҳо таъкид намуд.
Сипас, иштирокчиён дар гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати таҳлили амиқи барномаҳои мавҷуда ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили онҳо фаъолона ширкат варзиданд. Мубодилаи афкор дар фазои озод ва созанда сурат гирифт.
Дар интиҳои семинар, натиҷаҳои муҳокимаҳо ҷамъбаст гардида, пешниҳодҳо ҷиҳати ворид намудани ислоҳот ба барномаҳои таълимӣ, дар мувофиқа бо талаботи замон ва бозори меҳнат, таҳия ва пешниҳод шуданд. Таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳо бояд дар сатҳҳои гуногун идома ёбанд, то дар ниҳоят ба беҳтар гардидани сифати тайёрии омӯзгорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj