Skip to content
Маркази Ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Хазинаи кудакони Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати иҷрои лоиҳаи IDB|ISFD|GPE|OFID оид ба дастгирии татбиқи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” марҳилаи 2 Бо мақсади харҷи самаранок ва сарфакоронаи маблағҳо, бо назардошти муқаррароти моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», мутобиқи Оинномаи Маркази Ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар озмуни харид довталабонро даъват менамояд.
Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Маркази Ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (t.metodi@maorif.tj) кӯчаи А. Дониш 50 ё бо рақами телефонии 222-16-02 дастрас намоянд.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуљҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
-
Шаҳодатнома.
-
Иқтибос
-
Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
-
Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
-
Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 15 августи соли 2025 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи, А. Дониш 50 пешниҳод карда шаванд.
Озмун санаи 18 августи соли 2025 соати 9:00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази Ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.