ҶАМЪБАСТИ БАРНОМАИ ОМӮЗИШИИ «KLIC LEAD GLOBAL WORKSHOP 2025»

13 августи соли 2025 дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея маросими ҷамъбасти даври омӯзишии Барномаи «KLIC LEAD Global Workshop 2025» баргузор гардид, ки дар он гуруҳи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни маросим, роҳбарияти Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг ба иштирокчиён сертификатҳои хатми барномаро супорид.
Барномаи мазкур машғулиятҳои амалӣ оид ба зеҳни сунъӣ (AI), барномасозӣ, омӯзиши асосҳои рақамии таълим, истифодаи EduTech, тарҳрезии дарс, боздид аз муассисаҳои таълимии инноватсионӣ, ширкатҳои пешрафтаи технология ва ошноӣ бо фарҳанги Кореяро дар бар гирифт.
Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳуми миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг амалӣ гардид.