25 сентябри соли 2025 мизи мудавари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Баррасии натиҷаҳои гузориши Донишгоҳи Кембриҷ оид ба омӯзиши низоми арзёбии таълим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам, муовини сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зинат Ханче, муовини роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эри Двиведи, инчунин Талҳа Закрия – мутахассиси соҳаи маориф аз Дафтари минтақавии ЮНИСЕФ, Каримзода Шавкат – директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ЮНИСЕФ, барномаи Иттиҳоди Аврупо (EU PROJECT), ЮНЕСКО, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дигар коршиносону шарикони рушд иштирок намуданд.
Мизи мудавварро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар баромади худ иброз доштанд, ки арзёбии таълим ҳамчун яке аз ҷузъҳои муҳими низоми маориф на танҳо воситаи муайян намудани сатҳи донишу малакаҳои хонандагон аст, балки омили калидии муайянкунандаи самаранокии барномаҳои таълимӣ, сиёсати давлатӣ ва рушди устувори соҳаи маориф маҳсуб меёбад.
Муовини вазир таъкид намуд, ки гузориши Донишгоҳи Кембриҷ барои Тоҷикистон аҳамияти илмӣ ва амалӣ дошта, имконият медиҳад, ки вазъияти кунунии низоми арзёбӣ бо стандартҳои байналмилалӣ муқоиса ва баҳогузорӣ карда шавад. Натиҷаҳои он метавонанд ҳамчун такягоҳи боэътимод барои таҳияи стратегияҳои миллии соҳаи маориф истифода шаванд.
Ҳамчунин зикр намуд, ки татбиқи тавсияҳои гузориши мазкур бояд ба рушди касбӣ ва баланд бардоштани малакаҳои омӯзгорон, таҳияи механизмҳои шаффофи арзёбӣ ва таҳкими ҳамкории муассир бо созмонҳои байналмилалӣ нигаронида шавад.
Дар охир, Каримзода Равшан Азам изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти натиҷаҳои гузориши Донишгоҳи Кембриҷ ва мулоҳизаҳои коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, барои таҳияи барномаҳои амалии ислоҳотӣ омода мебошад. Мақсади асосӣ таъмини сифати таҳсилоти миллӣ ва тарбияи насли ҷавоне аст, ки ҷавобгӯи талаботи асри XXI ва рушди устувори кишвар бошад.
Сипас, муовини сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Зинат Ханче бо сухани ифтитоҳии худ баромад намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории илмӣ ва таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кембриҷ имкониятҳои навро барои рушди низоми маориф ва арзёбии таълим фароҳам меорад. Ба таъкиди ӯ, гузориши мазкур на танҳо таҳлили ҳолати кунунии низоми арзёбӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод мекунад, балки барои таҳияи сиёсати дурандешона ва мутобиқсозии он бо таҷрибаи ҷаҳонӣ асоси боэътимод мегардад.
Дар анҷом хонум Зинат Ханче таъкид карданд, ки рушди низоми арзёбии таълим дар Тоҷикистон ба ташаккули насли ҷавоне мусоидат хоҳад кард, ки бо дониш, малака ва ҷаҳонбинии муосир муҷаҳҳаз буда, барои пешрафти кишвар саҳмгузор хоҳанд шуд.
Инчунин бо сухани ифтитоҳии худ Эри Двиведи, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, баромад намуда қайд намуданд, ки таҳияи гузориши Донишгоҳи Кембриҷ қадами муҳим дар самти таҳкими низоми арзёбии таълим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи ӯ, арзёбии босифат на танҳо нишондиҳандаи дастовардҳои хонандагон аст, балки воситаи асосии муайянсозии самаранокии барномаҳои таълимӣ ва роҳнамо барои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба шумор меравад.
Эри Двиведи таъкид намуданд, ки ЮНИСЕФ ҳамчун шарики стратегии Вазорати маориф ва илм ҳамеша ҷонибдори ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалӣ дар низоми таълимии Тоҷикистон мебошад. Ӯ иброз доштанд, ки арзёбии таълим бояд на танҳо дониши назариявӣ, балки қобилияти амалӣ ва малакаҳои ҳаётии хонандагонро фаро гирад, то онҳо тавонанд ба талаботи асри XXI ҷавобгӯ бошанд.
Дар анҷоми суханронӣ намояндаи ЮНИСЕФ изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои гузориши Донишгоҳи Кембриҷ заминаи боэътимод барои ислоҳоти минбаъдаи соҳаи маориф хоҳанд буд ва ЮНИСЕФ минбаъд низ барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ ҳамкориро идома хоҳад дод.
Дар идомаи семинар Талҳа Закрия, мутахассиси соҳаи маориф аз Дафтари минтақавии ЮНИСЕФ, дар мавзуи «Баррасии натиҷаҳои гузориши Донишгоҳи Кембриҷ оид ба омӯзиши низоми арзёбии таълим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Ӯ зикр карданд, ки гузориши Донишгоҳи Кембриҷ як санади илмӣ ва таҳлилӣ буда, вазъи низоми арзёбии таълимро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал инъикос мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин гузориш на танҳо маълумоти муътамад ва муфассал дар бораи равандҳои арзёбӣ пешниҳод менамояд, балки имконият фароҳам меорад, ки ҷомеаи омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ тасаввури равшан дар бораи сохтор ва самтҳои рушди минбаъдаи низоми арзёбӣ пайдо намоянд.
Талҳа Закрия таъкид намуданд, ки гузориши мазкур бо истифода аз методологияи муосир таҳия гардида, дорои аҳамияти илмӣ ва амалии баланд мебошад. Ин санад метавонад ҳамчун манбаи боэътимод барои таҳқиқоти минбаъда, таҳлили сиёсати давлатӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф хизмат намояд.
Сипас, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Каримзода дар мавзӯи «Банақшагирии фаъолиятҳои минбаъда дар самти низоми арзёбии таълим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Ӯ иброз доштанд, ки низоми арзёбии таълим ҳамчун ҷузъи муҳими раванди таълимӣ барои муайян намудани сатҳи донишу малакаҳои хонандагон ва самаранокии барномаҳои таълимӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, банақшагирии фаъолияти минбаъда бояд мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф ва бо такя ба маълумоти илмӣ сурат гирад.
Шавкат Каримзода таъкид намуданд, ки банақшагирии минбаъда дар ин самт аз чанд ҷанба иборат мебошад:
- таҳкими заминаҳои илмӣ ва методологии арзёбӣ,
- густариши ҳамкориҳои муассир бо созмонҳои байналмилалӣ,
- баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон дар истифодаи усулҳои арзёбӣ,
- такмили механизмҳои мавҷуда бо назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ.
Ӯ ҳамчунин қайд карданд, ки фаъолияти минбаъда дар ин самт ба рушди устувори низоми таълим ва ташаккули насли ҷавон бо донишу малакаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад кард.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамкорӣ ва муҳокимаи илмӣ бо натиҷаҳои созанда ва аҳамияти амалии баланд ба анҷом расид.
Previous slide
Next slide

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj