ҶАМЪБАСТИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ТАШКИЛИ НИЗОМНОК ВА УСТУВОРИ ТАҶРИБАМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ (МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА МАТЕМАТИКА)

26 сентябри соли 2025, дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР / ФҲИР-ШГТ – ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II), семинари гурӯҳи корӣ оид ба ташкили низомнок ва устувори таҷрибамӯзии педагогӣ (методикаи таълими забони тоҷикӣ ва математика) ҷамъбаст гардид.

Дар рафти семинар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла:
  • мундариҷаи нави барномаҳои марбут ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои озмоиш бо донишҷӯёни ихтисоси методика,
  • тағироти асосӣ дар методологияи ҷорӣ,
  • мақсад ва ташкили амалияи ғайрифаъол,
  • марҳилаи омодагии амалияи фаъол ва роҳҳои омода сохтани донишҷӯён ба таври муфассал мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифтанд.
Машғулиятҳои семинар аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ – Ионина Рената ва Алла Нестеренко, ҳамчунин мушовирони миллӣ – Холмуродов Алишер, Иброҳимзода Ҷаҳонафрӯз ва Муртазоева Д. гузаронида шуданд.
 
Маврид ба зикр аст, ки дар чорчӯби баргузории семинар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизбонии машғулиятҳои омӯзиширо ба уҳда дошт. Ин машғулиятҳо бо ҳузури мушовирони байналмилалию миллӣ ва муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ мавриди боздид ва арзёбӣ қарор гирифтанд.
Ҳамкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ин самт дорои аҳамияти назаррас мебошад. Ин равобит имконият фароҳам меоранд, то таҷрибамӯзии педагогӣ бо шаклҳои муосири таълим ғанӣ гардонида шуда, равандҳои тайёрии кадрҳои омӯзгорӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва низоми миллии таҳсилот ташаккул ёбанд. Ҳамзамон, ин ҳамкорӣ ба густариши фаъолияти таҳқиқотӣ, татбиқи таҷрибаи пешқадам ва таҳияи низоми устувори омӯзиш мусоидат намуда, шароити мусоид барои рушди касбии ояндаи донишҷӯён фароҳам месозад.
 
Дар фарҷоми семинар, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ — Хуршед Амирхонзода барои ҳамкории судманд ба мушовирони байналмилалӣ ва миллӣ-аъзоёни гуруҳи кор изҳори миннатдорӣ намуд. Қайд карда шуд, ки таҷриба ва маслиҳатҳои мушовирони байналмилалӣ барои такмили самтҳои стратегӣ ва ҷорӣ намудани методҳои муосири арзёбӣ аҳамияти калон доранд.
Ҳамчунин, Хуршед Амирхонзода изҳор дошт, ки Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ минбаъд низ дар ҳамкории зич бо мушовирон ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои такмили иқтидори мутахассисони соҳаи маориф саҳмгузор хоҳад буд.