Таҳсилоти босифат дар шароити ҷаҳони муосир наметавонад бе истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои рақамӣ рушд ёбад. Қадами муҳиме, ки аксари кишварҳои ҷаҳон рӯи он кор бурда истодаанд, рақамикунонии ҷараёни таълим мебошад. Тоҷикистон низ, ба ҳайси як кишвари рӯ ба рушд, кӯшиш дорад, ки дар ин самт ақиб намонад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро муҳимтарин масъалаи рӯзгор номида, рушду такомули онро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат эълон намудаанд.
Бо пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосатан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди соҳа ва таълиму тарбияи насли наврас диққати аввалиндараҷа дода, дар ин самт тадбирҳои судманду муассирро рӯи даст гирифтааст.
Бо мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020, №409 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” қабул гардид, ки яке аз муҳимтарин иқдомҳои солҳои охир дар самти рақамикунонии низоми таҳсилот ва рушди фазои таълими рақамӣ мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки барномаи мазкур бевосита маҳсули ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон мавриди татбиқ қарор мегиранд, мебошад.
Барномаи мазкур, айни замон дар муассисаҳои таълимии пойтахт роҳандозӣ гардида, пурра ба таври ройгон мебошад. Ҳамаи хароҷотҳо вобаста ба татбиқи барнома бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city) – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ карда шуда истодааст.
Татбиқи барномаи электронии “eDonish” яке аз воситаҳои муассир барои таҳким ва таъмини усутвории робитаи оила бо мактабҳо ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, зеро ба камол расонидани шахсияти комил ва муҷаҳҳаз бо донишҳои замонавӣ аз натиҷаи ҳамкориву робитаи зичи се ниҳоди муҳим – оила, мактаб ва ҷомеа вобаста аст. Агар ба беҳбудии таълиму тарбияи насли наврас дар ин се ниҳод муносибат бо дарки баланди масъулият зоҳир шавад, мо соҳиби дастовардҳои назаррас хоҳем гашт. Бо дарназардошти ҳамаи паҳлӯҳои ин масъала, ба ҷо овардани масъулият аз ҷониби падару модар нисбат ба фарзанд дар чаҳорчӯбаи оила ва дар робитаи мустақим будани онҳо бо мактаб ва баръакс яке аз масъалаҳои муҳими cоҳаи маориф маҳсуб меёбад. Аз ин сабаб барномаи электронии “eDonish” – хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.
Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо, мебошад. Тавассути ин барнома волидон метавонанд аз вазифаҳои хонагии фарзандонашон аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти зарурӣ, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасад, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд.
Дар даромадгоҳи муассисаҳои таълимӣ бо мақсади огоҳонӣ аз омаду рафти хонандагон камераҳои назоратии Face ID бо хусусияти шиносоии қиёфа насб карда шудааст, ки даромаду баромади хонандагонро сабт намуда, дарҳол ба падару модарон паёмак мефиристад. Техонологияи нави истифодашаванда имконият медиҳад, ки аз рӯи расмҳои пешакӣ ба система воридкардашуда чеҳраи хонандаро ба таври худкор шиносоӣ карда, лаҳзаи ба муассисаи таълимӣ ворид гардидану аз он баромадани ҳар як хонандаро сабт намуда, ҳамзамон ба волидони хонанда хабар расонад.
Боиси зикр аст, ки барномаи электронии eDonish аз соли 2020 инҷониб дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҳамчун платформаи асосии рақамикунонии низоми таълим татбиқ мешавад. Ин иқдом ҳамчун як қадами муассир дар самти рақамикунонии маорифи миллӣ дар пойтахт ба ҳисоб меравад ва имконият фароҳам овард, ки равандҳои маъмуриву таълимӣ бо суръат ва шаффофият амалӣ гарданд.
Дар доираи татбиқи барнома, беш аз 90% муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба платформа пайваст гардида, омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ имконият пайдо карданд, ки ҷараёнҳои таълимиро тавассути системаи электронӣ идора ва назорат намоянд. Ин амалиёт на танҳо вақти кориро сарфа кард, балки имкони дастрасӣ ба маълумоти дақиқу воқеиро барои волидон ва мақомоти маориф фароҳам овард.
Илова бар ин, бо истифода аз барномаи электронии eDonish муоширати байни омӯзгорон, хонандагон ва волидон беҳтар гардид, ки ин ба баланд шудани сатҳи ҳамкории волидайн бо муассисаҳои таълимӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” мусоидат намуд.
Барнома инчунин имкон дод, ки таҳлилҳои муфассал оид ба натиҷаҳои таълимӣ ва иштироки хонандагон дар раванди машғулиятҳо пурра таъмин гардида, дарёфт ва ҳалли масъалаҳои таълимӣ бо дақиқӣ ва саривақт амалӣ шаванд. Ин ба омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ имкон фароҳам овард, ки дар асоси маълумоти амиқ ва оморӣ, стратегияҳои беҳтарини таълимиро таҳия ва татбиқ намоянд. Илова бар ин, таҳлили раванди таълим дар сатҳи синф ва муассиса кӯмак мекунад, ки ҷанбаҳои заифи таълими хонандагонро дар муассисаи таълимӣ бартараф созанд ва сатҳи омодагии хонандагонро ба талаботи таҳсилоти муосир баланд бардорад.
Бо истифода аз ин маълумотҳо, мақомоти маориф метавонанд қарори стратегӣ дар робита ба тақсимоти захираҳо, таълимоти иловагӣ ва беҳбуди методҳои омӯзишӣ қабул намоянд, ки ин ба рушди сифати таълим дар маҷмӯъ таъсири мусбат мерасонад. Ҳамзамон, тавассути мониторинги дақиқ ва пайгирии мунтазами фаъолияти хонандагон, волидон низ метавонанд дар раванди таълим бештар саҳмгузор бошанд ва бо омӯзгорон барои беҳтар кардани натиҷаҳои фарзандонашон ҳамкорӣ намоянд.
Аз ин лиҳоз, барномаи электронии eDonish на танҳо воситаи самараноки идоракунии низоми таълимӣ мебошад, балки ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Таҷрибаи муваффақонаи шаҳри Душанбе дар татбиқи ин платформа метавонад ҳамчун намунаи беҳтарин барои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хизмат намояд.
Дар оянда барномаи электронии eDonish ҳамчун унсури калидии рақамикунонии низоми миллии таҳсилот нақши муассир мебозад ва бо густариши истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи маориф, заминаи таҳсилоти босифат ва дастрасро барои тамоми хонандагон фароҳам меорад. Бо рушди инфрасохтори рақамӣ ва баландшавии саводи технологӣ дар байни омӯзгорон, хонандагон ва волидон, барномаи электронии eDonish метавонад ба воситаи ворид намудани функсияҳои нав, мисли таҳсилоти фосилавӣ, мониторинги беҳтари натиҷаҳои таълимӣ ва иртиботи интерактивӣ байни ҳамаи ҷонибҳои соҳа, бештар самаранок ва мукаммал гардонида мешавад.
Илова бар ин, ҳамкории байналмилалӣ ва таҷрибаомӯзии устодон дар заминаи платформаи рақамӣ имкон медиҳад, ки беҳбудии доимӣ ва навовариҳои таълимӣ дар низоми кишвар ҷорӣ мегардад. Бо такмили инфрасохтор ва густариши таҳсилоти рақамӣ дар муассисаҳои таълимӣ, барномаи электронии eDonish метавонад заминаи асосии рушди таҳсилоти рақамии Тоҷикистонро дар оянда таъмин менамояд ва ба беҳбудии низоми маорифи миллӣ ва сатҳи донишомӯзии насли нав таъсири мусбат мерасонад.
МУРОДБЕК НЕЪМАТУЛЛОЗОДА – номзади илмҳои педагогӣ, директори Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj