Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии қадрдонии кормандон баргузор гардид.
Бо ташаббус ва дастгирии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанде аз кормандони фаъол ва собиқадори Марказ барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф бо Сипосномаҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонсарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар ҳамин рӯз, ба ифтихори “Рӯзи омӯзгорон”, семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди низоми таълимӣ-методӣ, таҷрибаҳои муосири омӯзиш ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ин иқдом нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои арзандаи аҳли маориф буда, рӯҳбаландӣ ва масъулияти онҳоро дар роҳи рушди таълим ва тарбия боз ҳам бештар мегардонад.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj