Санаҳои 3-юм ва 4-уми ноябри соли 2025 дар Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, идомаи семинарҳои омӯзишӣ барои такмили малакаҳои роҳбарӣ ва методии муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории семинар — дастгирии методии раванди таълиму тарбия, такмили малакаҳои идоракунӣ ва роҳбарии кадрҳои маориф, ташаккули низоми рушди муттасили касбии омӯзгорон ва ҳамоҳангсозии татбиқи модели муосири таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мебошад.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён оид ба масъалаҳои муҳими идоракунии муассисаҳои таълимӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳои таълимӣ, арзёбии фаъолияти омӯзгорон, механизмҳои такмили малакаи педагогӣ, инчунин навгониҳои низоми таълим маълумоти муфассал гирифтанд.
Семинар дар шакли мубодилаи таҷриба, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва маърӯзаҳои амалии мутахассисони соҳа баргузор шуда, ба баланд бардоштани савияи тахассусӣ ва касбии муовинони директорон мусоидат намуд.
Дар фарҷом иштирокчиён изҳор доштанд, ки чунин семинарҳо барои тақвияти қобилияти роҳбарӣ, таҳкими ҳамкориҳои касбӣ ва татбиқи самараноки моделҳои муосири таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нақши назаррас доранд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj