ОҒОЗИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТАКМИЛИ МАЛАКАҲОИ РОҲБАРӢ ВА МЕТОДИИ МУОВИНОНИ ДИРЕКТОРОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

01 ноябри соли 2025 — Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, доир ба амалигардонии Лоиҳаи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) семинари омӯзишии муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вобаста ба дастгирии методии раванди таълиму тарбия, ташаккули низоми рушди муттасили касбии омӯзгорон ва ҳамоҳангсозии татбиқи модели муосири таълим оғоз гардид.
Ҳадафи асосӣ — баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, такмили малакаҳои роҳбарӣ ва методӣ ва ҳамоҳангсозии татбиқи модели муосири таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён бо китобҳои насли нави фанҳои забони тоҷикӣ ва математика барои синфи панҷум, усулҳои инноватсионии таълим, модели таълими фаъол ва дастгирии методии омӯзгорон шинос мешаванд.
Дар семинар зиёда аз 150 нафар муовинони директорон, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ иштирок доранд.