05 ноябри соли 2025, семинари омӯзишии муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз 1 ноябри соли 2025 оғоз гардида буд, бо муваффақият ҷамъбаст ёфт.
Дар ҷамъасбти семинар Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Юнисеф ширкат варзиданд.
Ҳамзамон дар ин рӯз доир ба масъалаи тақвияти малакаҳои роҳбарӣ, татбиқи усулҳои муосири идоракунӣ ва дастгирии методии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муколамаи кушод баргузор гардид.
Дар ҷараёни он, иштирокчиён андешаҳои худро оид ба такмили низоми таҳлилу арзёбии сифати таълим, таъмини пайвастагии омӯзиш бо таҷрибаҳои байналмилалӣ, ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим баён намуданд.
Намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз ҳамкории самарабахш бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои идомаи дастгирии барномаҳои рушди касбии роҳбарону омӯзгорон таъкид карданд.
Дар анҷоми чорабинӣ, барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар раванди такмили малакаҳои роҳбарӣ, муовинони директорон бо сертификатҳо қадрдонӣ гардиданд.
Семинари омӯзишӣ дар доираи Лоиҳаи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) амалӣ гардида, ба таҳкими иқтидори роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия равона шудааст.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj