Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон санаҳои тақдирсозе вуҷуд доранд, ки на танҳо марҳалаи нави рушди ҷомеаро ифтитоҳ намуданд, балки раванд ва тақдири давлат ва миллатро муайян карданд. Яке аз чунин рӯйдодҳои таърихӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ин иҷлосия ҳамчун «наҷотбахши миллат» ва оғози давраи нави давлатдории миллӣ дар саҳифаҳои таърихи тоҷикон сабт шудааст.
Дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба воқеият табдил меёфт. Барои пешгирӣ аз ин фоҷиаи миллии эҳтимолӣ ва нигоҳ доштани якпорчагии давлат, афроди солимфикр ва ватандӯст муттаҳид шуданд, зеро вазъият андешидани чораҳои қатъӣ, фаврӣ ва таъхирнопазирро тақозо мекард.
Дар шароите, ки Тоҷикистони азизро ҷанги шаҳрвандӣ, фалаҷшавии сохторҳои давлатӣ ва буҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ фаро гирифта буд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам даъват гардид ва ин иқдоми оқилона ва стратегӣ барои ҳифзи давлат ва наҷоти миллат ба шумор меравад. Ин иҷлосия заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, таъмини суботу оромӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ фароҳам овард.
Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, таҷрибаи Иҷлосияи XVI шаҳодати равшани он аст, ки муттаҳидӣ ва ҳамоҳангии қудратҳои сиёсӣ заминаи пойдории давлат ва рушди устувори ҷомеаро таъмин мекунанд. Ҷавонон, фаъолони ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ бояд аз ҳамин таҷриба сабақ гиранд, то истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз гардад ва роҳи рушди демократӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо қадамҳои устувор пеш барад.
Иҷлосияи XVI на танҳо рӯйдоди таърихӣ, балки мактаби воқеӣ барои андешидани қарорҳои стратегии давлатдорӣ, ҳифзи давлат ва тақвияти худшиносии миллӣ мебошад, ки аҳамияти он дар таърихи муосири Тоҷикистон ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Ибтидои солҳои 90-уми асри XX бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро кулан фалаҷ сохта, ба ҳалокат расонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 15 ҷумҳурии шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии сохибистиқлоли мо оғоз ёфт. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳони мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, тақвияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт.
2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, 26 феврали соли 1992 ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, 1 декабри соли 1992 ба Созмони конфронси исломӣ ва ғайра шомил шуд. Аммо раванди давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта дучори бӯҳрони шадиди сиёсӣ гардид, ки кишвари моро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашид. Сабабҳои cap задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёданд. Оғози муқовиматҳои ҳарбӣ-сиёсӣ аз оқибатҳои фоҷиабори он барои миллат дарак медод. Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорҳо нафар фирорӣ ва садҳо тан кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра корношоям гардида буданд.
Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл менамояд, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.Ва бо тақозои халқ ва иродаи аксари вакилони мардумӣ қарор қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои доғи рӯз иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти депутатҳои халқӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Дар чунин вазъияти мураккаб 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоб, иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шурӯъ кард.
Дар иҷлосия намояндагони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва намояндагони мухолифин иштирок намуданд. Даъвати иҷлосияи Шурои Олӣ худ иқдоми хеле оқилона ва хирадмандона буд, ки аз фарҳанги олӣ ва хиради азалии мардуми тоҷик сарчашма мегирифт, ки ҳадафи он ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат буд. Дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 23 масъалаи ҳаётан муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт. Масъалаи асосии иҷлосия ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он бояд аз интихоби роҳбарият ва хукумати нави ҷумҳурӣ оғоз меёфт. Маҳз иҷлосияи тақдирсоз сабаб шуд, ки алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва хатари барҳам хурдани Тоҷикистони соҳибистиқлол аз байн рафт.
Дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар суханронии таърихии худ ӯ бо суханони пуртаъсир иброз дошт:
«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми ҳастии худро барои сулҳ, оромӣ ва ваҳдати мардумам сарф менамоям».
Ин суханҳо ҳамчун рамзи ваҳдат ва ормони миллии тоҷикон садо доданд ва саҳифаи нави таърихи давлатдории навини Тоҷикистонро боз карданд.
Дар ҳақиқат, шароите, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Ватани нав ба истиқлолрасидаи Тоҷикистон рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона халқи тоҷик ва мардуми парешонро сарҷамъ намуд, садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонд. Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд. Имрӯз Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи вуҷуд намуда, баробари дигар давлатҳо дар масъалаҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор мебошад.
Таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ки имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибэътибор дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардааст. Бо дарназардошти нақши таърихӣ ва хизматҳои беназири Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлат ва сулҳи миллӣ, аз соли 2016 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо ба ифтихори шахсият, балки ба арҷгузорӣ ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва тамоми заҳмати мардуми тоҷик бахшида шудааст. Он рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, истиқлолият, ваҳдат ва пешравии миллӣ мебошад.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки тақдирномаи миллат аст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия тоҷикон тавонистанд ба худ бовар кунанд, давлатро аз фурӯпошӣ наҷот диҳанд ва роҳи навини рушди устуворро пеш гиранд. Шахсияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун меъмори сулҳ ва бунёдгари давлатдории навин, дар таърихи тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Рӯзи Президент, ки ҳар сол 16 ноябр таҷлил мегардад, рамзи миннатдорӣ ва эҳтиром ба он иҷлосияи тақдирсоз ва хизматҳои фарзанди шоистаи миллат мебошад.
Кабутов Лутфулло
ҳуқуқшиноси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj