13 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсишнома барои таҳлили амалкардии низоми арзёбии натиҷаҳои таълим бо иштирокчии директорон, муовинони директор ва омӯзгорони фаннии муассисаҳои таҳсилоти умумии №2, 35 ва 96-и ш.Турсунзода, дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъба, мушовири фанни математика Салихов А. ва мушовири фанни забон Эргашев С.Г. гузаронида шуд.
Дар рафти пурсишнома масъалаҳои амалӣ ва сатҳи иҷроиши низоми арзёбии натиҷаҳои таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён ба масъалаҳои мутобиқат ва ҳамоҳангсозии баҳодиҳӣ бо меъёрҳои давлатии таълим ва истифодаи тестҳои стандартизатсияшуда диққат доданд. Ҳамзамон, зарурати баланд бардоштани малакаҳои касбии омӯзгорон дар самти тарзи баҳогузорӣ ва истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар арзёбӣ таъкид гардид.
Дар ҷараёни пурсишнома чораҳои амалӣ барои такмили низоми арзёбӣ муҳокима шуданд, ки онҳо аз ҷумла ҷорӣ намудани усулҳои тестии электронӣ барои таъмини шаффофият ва дақиқӣ, ташкили семинарҳо ва тренингҳои омӯзгорӣ оид ба арзёбии объективӣ ва фарогир ва муҳокимаи мунтазами натиҷаҳои омӯзгоронро дар бар мегиранд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj