13 ноябри соли 2025 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ доир ба рафти амалишавии таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) баргузор гардид
Дар ҷараёни семинар устодону мутахассисони соҳа, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Дар оғоз семинар муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирхонзода Хуршед, суханронӣ намуда, ба аҳамияти амалишавии таҷрибаомӯзии педагогӣ ишора кард. Ӯ зикр намуд, ки таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён имкони муҳими ба амал баровардани донишҳои назариявӣ, шиносоӣ бо муҳити воқеии таълим ва рушди малакаҳои касбии омӯзгорӣ фароҳам меорад.
Дар суханрониаш таъкид шуд, ки таҷрибаомӯзӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи тайёр кардани омӯзгорони ҷавон ба ҳисоб рафта, робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мактабҳоро боз ҳам тақвият медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаомӯзӣ барои арзёбии сатҳи омодагии донишҷӯён, шиносоӣ бо усулҳои амалии таълим ва такмили маҳорати кор бо хонандагон заминаи зарурӣ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар рафти семинар сардори раёсати таҳсилотӣ касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Зарифзода Насим қайд намуд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ барои муайян кардани сатҳи омодагии амалии донишҷӯён ва беҳсозии равандҳои таълимии мактабҳо аҳамияти муҳим дорад. Ӯ зикр кард, ки ҳамкорӣ миёни донишгоҳ ва муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста таҳким ёбад, то таҷрибаомӯзӣ бо сифати баланд анҷом ёфта, донишҷӯён таҷрибаи воқеии омӯзгориро ба даст оранд.
Дар идомаи семинар масъулони Донишкада, аҳамияти таҷрибаомӯзии педагогиро ҳамчун зинаи муҳими тайёр кардани мутахассисони ҷавон таъкид карданд. Гуфта шуд, ки таҷрибаомӯзӣ на танҳо дар такмили малакаҳои касбӣ, балки дар таҳкими ҷаҳонбинии педагогӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии донишҷӯён нақши сарнавиштсоз дорад.
Зимни баромадҳо иштирокчиён оид ба роҳҳои беҳтар намудани ҳамкорӣ миёни донишкада ва муассисаҳои таълимӣ, татбиқи усулҳои муосири таълим, баланд бардоштани самаранокии машғулиятҳои амалӣ ва роҳбарии методии омӯзгорони таҷрибадор мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷом, ба донишҷӯёну роҳбарони таҷрибаомӯзӣ тавсияҳои методӣ пешниҳод гардида, барои фаъолияти минбаъдаи самаранок ва ҳамкории зич миёни муассисаҳои таълимӣ ва донишкада аҳамияти хоса дода шуд. Семинар дар фазои созандагӣ ва ҳамкории касбӣ ба анҷом расид.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj