Имрӯз семинари омӯзишӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ доир ба арзёбии миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён доир ба мақсадҳо, марҳилаҳо ва усулҳои арзёбӣ маълумоти муфассал гирифтанд. Дар доираи семинар мафҳумҳои асосии арзёбӣ, принсипҳои байналмилалӣ, равишҳои муосири таҳлил ва методҳои ҷамъоварии маълумот баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои таҳияи нишондиҳандаҳо, арзёбии заминавӣ, мониторинг, истифодаи далелҳо дар қабули қарорҳо ва баланд бардоштани сифатнокии раванди арзёбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва нақшаи минбаъдаи корӣ муҳокима гардиданд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj