ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРИ ДОИР БА АРЗЁБИИ МИЛЛӢ

Дар вории навбати, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ Наоко Хосака, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Ишонова Сайёра, мушовири миллӣ ва аъзоёни гурӯҳи корӣ иштирок варзидан..
Дар ҷараёни вохӯрӣ татбиқи арзёбии миллӣ, натиҷаҳои ибтидоӣ ва паҳлуҳои муҳими раванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки арзёбии миллӣ барои дарки ҳамаҷонибаи вазъи мавҷуда ва муайян намудани самтҳои афзалиятнок аҳамияти муҳим дорад.
Иштирокчиён доир ба масъалаҳои марбут ба ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, ҳамоҳангсозии фаъолият ва табодули таҷриба миёни ниҳодҳои дахлдор андешаронӣ намуданд. Ҳамчунин, нақши ҳамкории муассир бо шарикони рушд, аз ҷумла ЮНИСЕФ, дар раванди арзёбӣ таъкид гардид.
Вохӯрӣ дар фазои корӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, аҳамияти идомаи муколама ва ҳамкорӣ дар доираи арзёбии миллӣ зикр карда шуд.