Семинар доир ба таҳияи тест аз фанни математика дар доираи Лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030”

Санаи 17 декабри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии 5 рӯза доир ба таҳияи тест аз фанни математика дар доираи Лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030” оғоз ёфт
Дар вохӯри намояндагонии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Ишонова Сайёра ва Мирзоева Наргис, намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, гимназияи №74, МДТ “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, мактаби байналмиллалии Президентӣ, Литсейи Президентии хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳо, Маркази миллии тестии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нахуст семинарро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ш. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки таҳияи тестҳои босифат яке аз унсурҳои муҳими арзёбии одилона ва шаффофи сатҳи донишу маҳорати хонандагон ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки дар шароити татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф такмили низоми арзёбӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошта, истифодаи усулҳои муосири санҷиши дониш ба баланд бардоштани сифати таълим мусоидат мекунад.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён бо асосҳои назариявӣ ва амалии таҳияи тестҳои босифат аз фанни математика шинос шуданд. Мутахассисон масъалаҳои марбут ба муайян намудани ҳадафҳои таълимӣ, сатҳбандии саволҳо (дониш, фаҳмиш, татбиқ, таҳлил), интихоби шаклҳои гуногуни тестӣ ва риояи меъёрҳои психометрикӣ ҳангоми таҳияи саволҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба мутобиқати тестҳо ба стандартҳои давлатии таълим, барномаҳои таълимӣ ва талаботи байналмилалӣ равона карда шуд. Иштирокчиён дар корҳои амалӣ фаъолона ширкат варзида, намунаҳои саволҳои тестиро таҳия намуда, онҳоро дар гурӯҳҳо муҳокима ва таҳлил карданд.
Дар охири семинар табодули таҷриба сурат гирифта, иштирокчиён пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро ҷиҳати такмили низоми арзёбии донишҳои хонандагон баён намуданд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва беҳтар гардидани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.