ТАКМИЛИ САЛОҲИЯТҲОИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ МИЗИ МУДАВВАР

Санаи 18 декабри соли 2025 бо ташабуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати маорифи вилояти Хатлон мизи мудаввар бахшида ба баррасии муносибати нав ба дастгирии методии фаъолияти омӯзгорон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими низоми хизматрасонии методӣ, такмили салоҳиятҳои касбии омӯзгорон ва ҷорӣ намудани шаклу усулҳои муосири дастгирии методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ арзёбӣ мегардид.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муоширони миллӣ дар доираи Лоиҳаи дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мушовирони кабинетҳои методӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муовинони директорон оид ба корҳои таълим ва тарбия, инчунин роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуданд.
Нахуст семинарро муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхонзода Хуршед ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар шароити ислоҳоти пайвастаи соҳаи маориф бозбинӣ ва такмили низоми дастгирии методӣ яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сифати таълим ба шумор меравад. Ӯ зикр кард, ки гузариш ба муносибатҳои муосири хизматрасонии методӣ бояд ба рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгорон, татбиқи усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим мусоидат намояд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки кабинетҳои методӣ бояд фаъолияти худро на танҳо ҳамчун ниҳоди машваратӣ, балки ҳамчун маркази ҳамоҳангсозии таҷрибаи пешқадам, омӯзиш ва дастгирии касбии омӯзгорон ба роҳ монанд
Иштирокчиён ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, такмили фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва мутобиқ намудани дастгирии методӣ ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот фикру пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба рушди касбии пайвастаи омӯзгорон, нақши кабинетҳои методӣ дар ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз рӯи натиҷаҳои мизи мудаввар тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили фаъолияти методӣ дар зинаҳои гуногуни низоми маориф таҳия карда шуданд.