СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОИР БА ШИНОСОӢ БО НАТИҶАҲО ВА МУАРРИФИИ МОДЕЛИ НАВИ БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТӢ, ДАСТГИРИИ ТАТБИҚИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ (ОМӮЗГОРӢ) ВА ТАҲКИМИ МАҶМӮИ МАВОДИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР РАВАНДИ ОМОДА НАМУДАНИ ДОНИШҶӮЕН ВА ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

17 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир ба шиносоӣ бо натиҷаҳо ва муаррифии модели нави Барномаҳои таҳсилотӣ, дастгирии татбиқи таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) ва таҳкими маҷмӯи маводи нави таълимӣ дар раванди омода намудани донишҷӯен ва омӯзгорони оянда баргузор карда шуд.
Дар вохӯри муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Амирхонзода Хуршед, сардори раёсати таҳсилоти касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Зарифзода Насим, инчунин мушовирони миллӣ аз ЮНИСЕФ Умарова Бибиҷон, Муртазоева Дилафрӯз, Иброҳимзода Ҷаҳонафрӯз, Холмуродов Алишер ва намояндагони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок варзиданд.
Нахуст семинарро муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методдии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Амирхонзода ҳусни оғоз бахшида, иброз намуданд, ки татбиқи модели нави барномаҳои таҳсилотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи маориф ба шумор рафта, он ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии муҳтаво ба талаботи бозори меҳнат ва рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгорон ва донишҷӯён равона гардидааст.
Дар идомаи семинар сардори раёсати таҳсилоти касбӣ Зарифзода Насим таъкид намуданд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) ҳамчун ҷузъи муҳими раванди омодасозии мутахассисони соҳаи маориф бояд дар ҳамбастагӣ бо назария ва амалия ба роҳ монда шавад. Дар ин замина, истифодаи маводи нави таълимӣ, дастурҳои методӣ ва технологияҳои муосири омӯзишӣ барои ташаккули маҳорати касбии омӯзгорони оянда аҳаммияти хоса дорад.
Дар ҷараёни семинар мушовирони миллӣ аз ЮНИСЕФ баромад намуда, оид ба натиҷаҳои бадастомада аз татбиқи лоиҳа, таҷрибаҳои пешқадам ва аҳаммияти ҷорӣ намудани модели нави барномаҳои таҳсилотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ибрози назар карданд. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки мутобиқсозии муҳтавои барномаҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир, таҳкими таҷрибаомӯзии педагогӣ ва истифодаи маҷмӯи маводи нави таълимӣ ба баланд гардидани сифати омодасозии омӯзгорони оянда мусоидат менамояд.
Дар қисми ҷамъбастии семинар иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, ба зарурати идомаи чунин чорабиниҳои омӯзишӣ таъкид карданд. Қайд карда шуд, ки натиҷаҳои семинар дар такмили барномаҳои таҳсилотӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи низоми муосири маориф нақши муҳим хоҳанд бозид.