ОМӮЗИШ ВА БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ ИЛМИЮ МЕТОДӢ ВА ТАТБИҚИ БАХШИ ФАНҲОИ ЗАМИНАВИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

20 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши масъалаҳои вобаста ба таҳлили фаъолияти Шурои илмию методӣ, инчунин ҷараёни татбиқи бахши фанҳои заминавии нақшаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳо оид ба такмили фаъолияти Шурои илмию методӣ, ҳамоҳангсозии корҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати омӯзиши фанҳои заминавӣ муҳокима гардид. Ҳамчунин масъалаҳои татбиқи самараноки нақшаҳои таълимӣ, риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва истифодаи усулҳои муосири таълим мавриди баррасӣ қарор гирифт.