СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОИР БА ШИНОСОӢ БО НАТИҶАҲО ВА МУАРРИФИИ МОДЕЛИ НАВИ БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТӢ, ДАСТГИРИИ ТАТБИҚИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ (ОМӮЗГОРӢ) ВА ТАҲКИМИ МАҶМӮИ МАВОДИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР РАВАНДИ ОМОДА НАМУДАНИ ДОНИШҶӮЕН ВА ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

19 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки ба шиносоӣ бо натиҷаҳои бадастомада, муаррифии модели нави Барномаҳои таҳсилотӣ, дастгирии ҷараёни татбиқи таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) ва таҳкими истифодаи маҷмӯи нави маводи таълимӣ дар раванди омода намудани донишҷӯён ва омӯзгорони оянда бахшида шуда буд.
Дар чорабинӣ муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Амирхонзода Хуршед, сардори раёсати таҳсилоти касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Зарифзода Насим, инчунин мушовирони миллӣ аз ЮНИСЕФ — Умарова Бибиҷон, Муртазоева Дилафрӯз, Иброҳимзода Ҷаҳонафрӯз ва Холмуродов Алишер иштирок намуданд. Ҳамзамон намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вохӯрӣ ҳузур доштанд.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён доир ба роҳҳои такмили барномаҳои таҳсилотӣ, мутобиқсозии онҳо ба талаботи муосири соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати омодасозии омӯзгорони оянда ва тақвияти ҷузъҳои амалии раванди таълим мубодилаи афкор анҷом доданд. Таъкид гардид, ки татбиқи самараноки таҷрибаомӯзии педагогӣ ва истифодаи маводи нави таълимӣ метавонад ба беҳтар гардидани сатҳи касбият ва малакаҳои омӯзгорони оянда мусоидат намояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ пешниҳодҳо ва тавсияҳои судманд ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва идомаи корҳои муштарак ироа гардида, аҳамияти чунин вохӯриҳо дар рушди низоми таҳсилоти касбӣ ва омӯзгорӣ таъкид шуд.