СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОИР БА ШИНОСОӢ БО НАТИҶАҲО ВА МУАРРИФИИ МОДЕЛИ НАВИ БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТӢ, ДАСТГИРИИ ТАТБИҚИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ (ОМӮЗГОРӢ) ВА ТАҲКИМИ МАҶМӮИ МАВОДИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР РАВАНДИ ОМОДА НАМУДАНИ ДОНИШҶӮЕН ВА ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА ДАР ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

23 декабри соли 2025 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ доир ба муаррифии модели нави барномаҳои таҳсилотӣ, дастгирии ҷараёни татбиқи таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) ва таҳкими истифодаи маҷмӯи нави маводи таълимӣ дар раванди омода намудани донишҷӯён ва омӯзгорони оянда баргузор гардид
Дар чорабинӣ муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Амирхонзода Хуршед, сардори раёсати таҳсилоти касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Зарифзода Насим, инчунин мушовирони миллӣ аз ЮНИСЕФ — Умарова Бибиҷон, Муртазоева Дилафрӯз, Иброҳимзода Ҷаҳонафрӯз ва Холмуродов Алишер иштирок намуданд. Ҳамзамон намояндагони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар вохӯрӣ ҳузур доштанд.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими татбиқи модели нави барномаҳои таҳсилотӣ баромад карданд. Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Амирхонзода Хуршед, аҳамияти таҷрибаомӯзии педагогӣ (омӯзгорӣ) ва истифодаи усулҳои интерактивӣ дар ҷараёни омӯзишро таъкид намуд.
Сардори раёсати таҳсилоти касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Зарифзода Насим, ба иштироки фаъолонаи омӯзгорон ва донишҷӯён дар раванди татбиқи барномаҳои нав аҳамият дод ва қайд намуд, ки мониторинги мунтазам ва таҳлили натиҷаҳо метавонад сифати таълимро ба таври назаррас беҳтар гардонад.
Мушовирони миллӣ аз ЮНИСЕФ — Умарова Бибиҷон, Муртазоева Дилафрӯз, Иброҳимзода Ҷаҳонафрӯз ва Холмуродов Алишер — таҷрибаҳои байналмилалиро дар самти истифодаи барномаҳои таҳсилотӣ ва таҳкими маҷмӯи маводи нави таълимӣ муаррифӣ намуда, пешниҳод карданд, ки роҳандозии усулҳои муосир ва барномаҳои таҳлилӣ дар донишкадаҳо метавонад малака ва малаки касбии омӯзгорони ояндаро беҳтар намояд.
Намояндагони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт низ таҷрибаи муассисаҳои худ дар татбиқи барномаҳои нав ва таҷрибаомӯзии педагогиро муаррифӣ карданд ва доир ба роҳҳои ҳамкории муассисаҳо барои беҳтар намудани сифати омӯзиш табодули назар намуданд.
Чорабинӣ бо муҳокимаи натиҷаҳо, пешниҳоди тавсияҳои амалӣ ба анҷом расид. Иштирокчиён таъкид карданд, ки чунин семинарҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани омӯзгорони болаёқат аҳамияти калидӣ доранд.