ҶАМЪБАСТИ СЕМИНАР ДОИР БА ТАҲИЯИ ТЕСТ АЗ ФАННИ МАТЕМАТИКА ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “ДАСТГИРИИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ СОЛИ 2030”

23 декабри соли 2025 дар толори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар машварати омӯзишӣ доир ба таҳияи тест аз фаннӣ математика ҷамъбаст гардид.
Дар кори семинар намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, гимназияи №74, МДТ “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти умумии №№42,10,51,71,29-и шаҳир Душанбе, мактаби байналмиллалии Президентӣ, Литсейи Президентии хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳо, Маркази миллии тестии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар рафти семинар намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азимов Ҷамшед ва Хусравбеков Лоиқ, доир ба масъалаи таҳлили сифати тест баромад намуда, таъкид доштанд, ки санҷиши сифати тестҳо нақши муҳими баҳогузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълимро дорад. Онҳо зикр карданд, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои дақиқ ва объективӣ, зарур аст, ки тестҳо на танҳо ба мундариҷаи дарсӣ мувофиқ бошанд, балки меъёрҳои методологии таҳлил ва эътимоднокии тест низ риоя карда шаванд.
Илова бар ин, намояндагон ба аҳамияти таҳлили натиҷаҳои тестҳо барои муайян кардани нуқсонҳо дар ҷараёни таълим ва таҳияи барномаҳои ислоҳотӣ таъкид намуданд. Ҳамзамон онҳо ба таҷрибаҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳлили тестҳо ишора карда, пешниҳод намуданд, ки истифодаи усулҳои замонавӣ ва барномаи махсуси таҳлили маълумот метавонад сифати тестҳоро ба таври назаррас баланд бардорад.
Дар фарҷоми семинар иштирокчиён изҳор доштанд, ки чунин ҳамоишҳо на танҳо имконият медиҳанд, то таҷриба ва дониши мутахассисони соҳаи маориф мубодила гардад, балки барои ҳамоҳангсозии стандартҳои таҳсилот ва беҳтар намудани сифати омӯзиш ва баҳогузорӣ низ саҳми муассир доранд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамкории байни муассисаҳои таълимӣ, марказҳои таҳлилӣ ва ниҳодҳои методӣ барои таҳияи тестҳои босифат ва мониторинги самараноки онҳо аҳамияти калидӣ дорад.
Дар хотима, иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки чунин семинарҳо мунтазам баргузор шаванд ва дар онҳо натиҷаҳои таҳлилҳои тестӣ, таҷрибаҳои пешқадам ва усулҳои навини педагогӣ баррасӣ гардад. Ин чорабинӣ ба ҳадафи таъмини таълими босифат, баланд бардоштани малакаҳои омӯзгорон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳамаи хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Семинар бо изҳори миннатдории иштирокчиён ва аҳамияти ҳамкории мутақобила дар рушди соҳаи маориф ба анҷом расид.