29 декабри соли 2025 дар толори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Илму маориф дар меҳвари Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар Нарзулло Маҳмудов — мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм, Гурезов Амирҷон — мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, инчунин аъзои маъмурияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамо барои рушди соҳаи илму маориф аҳамияти стратегии хос дорад. Ӯ зикр кард, ки дар Паём масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди неруи инсонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар раванди таълим ва таҳкими мақоми омӯзгорон дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор доранд.
Дар идомаи мизи мудаввар Нарзулло Маҳмудов вобаста ба нақши заминаҳои ҳуқуқӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф маърӯза намуда, таъкид кард, ки таъмини рушди устувори соҳа аз ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои дахлдор ва татбиқи босамари меъёрҳои қонунгузорӣ вобастагӣ дорад.
Ҳамчунин Гурезов Амирҷон дар баромади худ ба масъалаи ҷалби фаъоли ҷавонон ба илмомӯзӣ, ташаккули ҷаҳонбинии ватандӯстона ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии насли наврас таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат барои ҷавонон ҳамчун дастури амалӣ дар роҳи худшиносӣ ва худтакмилдиҳӣ хизмат менамояд.
Дар рафти чорабинӣ мушовири директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Наврӯзов Ҳамзақул низ баромад намуда, қайд кард, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи илму маорифро муайян намуда, иҷрои он аз масъулияти баланди муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳа талаб мекунад.
Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён атрофи масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, ба хулосае омаданд, ки татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат дар соҳаи илму маориф заминаи боэътимоди рушди ҷомеа ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар хоҳад гардид.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj