РУШДИ САЛОҲИЯТҲОИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН: ТАҶРИБА, ҲАМКОРӢ ВА ДУРНАМО

Санаи 26 декабри соли 2025 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати маорифи вилояти Суғд мизи мудаввар бахшида ба баррасии муносибати нав ба дастгирии методии фаъолияти омӯзгорон дар доираи Лоиҳаи дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мушовирони кабинетҳои методӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муовинони директорон оид ба корҳои таълим ва тарбия, инчунин роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Амирхонзода баромад намуда, аҳамияти такмили пайвастаи салоҳиятҳои касбии омӯзгоронро дар шароити ислоҳоти соҳаи маориф ва ҷорӣ намудани муносибатҳои муосири таълим таъкид карданд. Қайд гардид, ки дастгирии методӣ бояд ба ниёзҳои воқеии омӯзгорон мутобиқ карда шуда, ба рушди тафаккури эҷодӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва татбиқи усулҳои фаъоли таълим равона гардад.
Зимни баромадҳо сардори раёсати таҳсилоти касбӣ Насим Зарифзода оид ба масъалаҳои такмили таҳияи маводҳои методии муосир, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо марказҳои таълимию методӣ ибрози андеша намуданд. Иштирокчиён инчунин фикру пешниҳодҳои худро вобаста ба баланд бардоштани сифати таълим ва нақши омӯзгор дар ташаккули насли соҳибмаърифат баён карданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар ҷамъбасти натиҷаҳо сурат гирифта, як қатор тавсияҳо ҷиҳати такмили минбаъдаи фаъолияти методии омӯзгорон ва ҷорӣ намудани механизмҳои самараноки дастгирии касбӣ таҳия гардиданд. Таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди касбии омӯзгорон мусоидат намуда, дар ниҳоят барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.