30 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат заминаи устувори рушди низоми таҳсилот дар кишвар маҳсуб меёбад. Иброз гардид, ки татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Роҳбари кишвар ба баланд бардоштани сифати таҳсил, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва рушди устувори соҳа мусоидат менамояд.
Сипас, гузориши Н. Убайдуллозода, сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм, оид ба ҷамъбасти ҳисоботи омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ шунида шуд. Гуфта шуд, ки ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ бо истифода аз низомҳои муосири иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, барои таҳияи қарорҳои асоснок ва банақшагирии самараноки фаъолияти соҳа заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки такмили низоми оморӣ ва таъмини саҳеҳии маълумот яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани самаранокии идоракунии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Дар идома ҳисоботи У. Ҳасанзода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, вобаста ба тартиби механизми пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шунида шуд.
Дар қисмати масъалаҳои иловагӣ А. Холиқзода, мудири шуъбаи сифати таҳсилот, як қатор ҳуҷҷатҳо вобаста арзёбии сифати таҳсилот ва директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ як қатор адабиёти таълимиро барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод намуданд.
Дар охир вазири маориф ва илм бо дарназардошти масъалаҳои баррасишуда ва бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои гузошташуда, ба масъулини сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, зарурати таҳкими назорат, тақвияти масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои низоми маориф ва илмро таъкид намуда, аз масъулин талаб кард, ки ҷиҳати татбиқи самараноки қарорҳои қабулгардида ва иҷрои қатъии супоришҳои додашуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj