3 январи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинар-машварати омӯзишӣ ва дастурдиҳӣ бо иштироки васеи кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории семинар-машварат таҳлили фаъолияти соҳаи маориф дар давраи сипаришуда, муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки соли нав, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулияти кормандони соҳа, инчунин татбиқи усулҳои муосири таълим ва таъмини сифати баланди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар кори семинар-машварат Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ш., муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Аминҷонзода П. ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҷидзода Ҷ. иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, истифодаи самараноки технологияҳои муосири таълим ва тақвияти корҳои тарбиявӣ баромадҳои судманд ироа намуданд.
Дар семинари мазкур зиёда аз 700 нафар кормандони соҳаи маорифи ноҳия, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, муовинони директорон, роҳбарони Созмони хонандагон, сармуҳосибон, китобдорон, омӯзгорон ва мураббиён иштирок намуданд.
Зимни баргузории семинар масъалаҳои тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва коргузорӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим дар ҷараёни дарсҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, инчунин роҳҳои самараноки кор бо хонандагони соҳибистеъдод ва болаёқат мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Дар анҷоми семинар-машварат ҷиҳати такмили фаъолияти касбӣ, татбиқи методҳои нави таълим, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ба иштирокчиён тавсияву дастурҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки иҷрои босифати онҳо ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф мусоидат хоҳад намуд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj