Имрӯз ҷомеа дар остонаи марҳилаи нав қарор дорад — марҳилаи рушди рақамӣ. Технологияҳо аз ҷумла ҳуши маснуъӣ бо суръати баланд ба тамоми соҳаҳои ҳаёт ворид мешавад ва соҳаи маориф дар маркази ин тағйирот қарор дорад.
Дар ин замина таҳсилоти рақамӣ дигар имконоти иловагӣ набуда, як ҷузъи ҳатмии низоми маориф дар замони муосир аст. Бо вуҷуди паҳншавии босуръати техникаву технологияҳои рақамӣ саволи асосӣ аллакай он нест, ки мо таҷҳизоти рақамӣ дорем ё не, балки он аст: оё мо масъулияти истифодаи онро дорем?
Самаранокии таҳсилоти рақамӣ танҳо бо шумораи компютеру планшетҳо ва дигар таҷҳизоти арзёбӣ намегардад. Самаранокӣ он вақт ба даст меояд, ки технология ба рушди тафаккур, баланд шудани сатҳи дониш ва ташаккули шахсият хизмат кунад. Агар таҷҳизоти рақамӣ ба василаи саргармӣ ва вақтгузаронии беҳадаф табдил ёбанд, дар ҳеҷ сурат наметавонад рисолати таълимиро иҷро намояд. Аз ин рӯ, масъулият бояд дар меҳвари ҳар як иқдоми рақамикунонӣ қарор гирад.
Дар ин раванд нақши омӯзгор ҳалкунанда ва калидӣ аст. Омӯзгор на танҳо истифодабарандаи технология, балки роҳнамои маънавию зеҳнии хонанда мебошад. Маҳз омӯзгор метавонад нишон диҳад, ки технология чӣ гуна ба аоситаи муҳимми ба даст овардани донишҳои нав, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва ташаккули малакаву маҳоратҳои муҳим табдил меёбад. Вақте омӯзгор бо дарки масъулият технологияро истифода мекунад, мазмуни моҳияти дарс тағйир меёбад ва хонанда ба донишомӯзӣ бо чашми ҳавасмандӣ ва шавқи бештар менигарад.
Ҳамзамон, ҷомеа низ масъулият дорад. Наврасон дар муҳити иттилоотии пуртазод ба воя мерасанд, ки дар он ҳақиқат ва иттилооти нодуруст, дониш ва таблиғ, арзиш ва бетафовутӣ паҳлу ба паҳлу қарор доранд. Таҳсилоти рақамӣ бояд хонандаро на танҳо ба истифодаи технология, балки ба интихоби дуруст омӯзонад. Ин омӯзиш тарбия аст – тарбияи шаҳрванд, инсони огоҳ ва масъули ҷомеа.
Нақши оила ва мактаб дар ин раванд ҷудонопазир аст. Агар мактаб дониш омӯзонад ва оила рафти донишандӯзиро назорат накунад, натиҷа нопурра мемонад. Агар оила талаб кунад, вале мактаб роҳнамоӣ накунад, самаранокӣ коста мегардад. Танҳо ҳамкории сеҷониба-мактаб, оила ва ҷомеа метавонад таҳсилоти рақамиро ба нерӯи созанда табдил диҳад.
Таҳсилоти рақамӣ мисли оина аст: он он чиро, ки дар мо ҳаст, боз ҳам равшантар нишон медиҳад. Рақамикунонӣ танҳо он гоҳ маъно пайдо мекунад, ки инсон дар маркази он қарор дошта бошад. Таҳсилоти рақамӣ ояндаро месозад, вале танҳо дар сурате, ки имрӯз мо масъулиятро интихоб намоем.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj