Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти соҳаи маориф идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов сохмони бинои муассисаи таълимии хусусӣ идома дорад. Иншоот аз 5 ошёна ва 45 синфхона иборат буда, барои таълиму тарбияи 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи таълимӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, тибқи нақша имсол ба истифода дода мешавад.
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ инчунин сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди кӯдакистони №11 идома дорад. Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат аст ва барои таълиму тарбияи 300 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Солҳои охир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва иштироки фаъоли сокинону соҳибкорон бунёди муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маром идома дорад. Чунин тадбирҳо ба фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи саводнокии насли наврас ва таъсиси ҷойи нави кор мусоидат менамоянд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj