19 январи соли 2026 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Рушд ва татбиқи усулҳои инноватсионии идоракунии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар низоми ягонаи иттилоотӣ» баргузор гардид.
Нахуст семинарро мудири шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Марказ Мунис Улфатов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, таъкид карданд, ки дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рушди ҷомеаи иттилоотӣ татбиқи низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар ин самт имкон медиҳад, ки равандҳои хизматрасонӣ ва идоракунӣ содда, шаффоф ва мутобиқ ба талаботи замон гарданд.
Мунис Улфатов ҳамчунин зикр намуданд, ки ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ на танҳо сарфаи вақт ва захираҳои моддиро таъмин мекунад, балки ба таҳкими интизоми иҷроия, беҳтар гардидани назорат ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти кормандон мусоидат менамояд. Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки низоми ягонаи иттилоотӣ дар фаъолияти рӯзмарраи муассисаҳо қадами муҳим дар самти коҳиш додани ҳуҷҷатгузории коғазӣ ва рушди муҳити электронии корӣ мебошад.
Дар идомаи семинар масъалаҳои вобаста ба асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии истифодаи низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, роҳҳои амалии татбиқи он, инчунин мушкилоту дурнамои рушди минбаъдаи низом мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Иштирокчиён бо имкониятҳои техникии низом, тартиби ворид, коркард, бақайдгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ аз наздик шинос гардиданд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии мутахассисон, такмили малакаҳои касбӣ ва таъмини истифодаи дурусту мақсадноки технологияҳои иттилоотӣ аҳамияти махсус дорад. Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифта, ҷиҳати такмили фаъолияти минбаъда пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj