ТАКМИЛИ АРЗЁБИИ МИЛЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ИСЛОҲОТИ ТАҲСИЛОТ

3 феврали соли 2026 дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР/ФҲИР-ШГТ-ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) вохӯрии муҳими корӣ доир ба масъалаҳои арзёбии миллӣ оғоз ёфт.
Дар чорабинӣ муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Хуршед Амирхонзода, мушовири байналмилалӣ Орел Екатерина, мушовири миллӣ Мансурова Лола, гурӯҳи корӣ оид ба арзёбии миллӣ, инчунин мутахассисон ва намояндагони сохторҳои гуногуни соҳаи маориф иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи иҷрои корҳои тадқиқотию методӣ вобаста ба арзёбии миллӣ ва арзёбии ҷамъбастӣ ташкил гардида, ҳамчун яке аз иқдомҳои муҳими стратегӣ дар самти ислоҳоти низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни семинар мушовири байналмилалӣ Орел Екатерина доир ба масъалаҳои арзёбии миллӣ баромад намуда, таъкид намуданд, ки татбиқи низоми муосири арзёбӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, зарурати истифодаи усулҳои боэътимод ва шаффофи арзёбӣ, мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории муассир миёни сохторҳои дахлдорро махсус таъкид карданд. Инчунин зикр гардид, ки рушди иқтидори касбии мутахассисон ва такмили заминаи методӣ барои гузаронидани арзёбии миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар идомаи семинар мушовири миллӣ Мансурова Лола баромад намуда, доир ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва методии гузаронидани арзёбии миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Қайд карда шуд, ки мутобиқсозии маводи арзёбӣ ба стандартҳои таълимӣ, такмили воситаҳои арзёбӣ ва тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамчунин, зарурати баланд бардоштани сатҳи омодагии мутахассисон ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт таъкид карда шуд.
Дар идомаи семинар корҳои гурӯҳӣ баргузор гардида, аъзои гурӯҳи корӣ масъалаҳои марбут ба такмили низоми арзёбии миллӣ, таҳияи маводи арзёбӣ ва роҳҳои татбиқи самараноки онҳо дар амалияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми семинар натиҷаҳои корҳои анҷомёфта ҷамъбаст гардида, иштирокчиён вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ, такмили равандҳои арзёбӣ ва татбиқи босамари тавсияҳои пешниҳодшуда табодули афкор намуданд.