ИДОМАИ СЕМИНАР ДОИР БА АРЗЁБИИ МИЛЛӢ

4 феврали соли 2025 дар доираи Лоиҳаи муштараки БИР/ФҲИР-ШГТ-ФОРБ оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марҳилаи II) семинари навбатӣ доир ба масъалаҳои арзёбии миллӣ баргузор гардид.
Дар оғози семинар директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Каримзода доир ба арзёбии миллӣ ибрози ақида намуда, қайд намуданд, ки арзёбии миллӣ яке аз унсурҳои муҳими муайян намудани сатҳи сифати таҳсилот ба ҳисоб рафта, барои рушди низоми маориф аҳамияти калидӣ дорад. Ӯ таъкид карданд, ки натиҷаҳои арзёбии миллӣ имкон медиҳанд вазъи воқеии дониш, малака ва салоҳиятҳои хонандагон муайян гардида, дар асоси он барои такмил додани барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва усулҳои таълим тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар идомаи семинар мушовирони байналмилалӣ ва миллӣ, аъзоёни гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои таҳия ва такмили воситаҳои арзёбии миллӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуда, натиҷаҳои таҳқиқоту таҳлилҳои худро муаррифӣ карданд. Онҳо оид ба усулҳои муосири таҳияи супоришҳои санҷишӣ, талабот ба сифати саволномаҳо, инчунин роҳҳои таъмини эътимоднокӣ ва шаффофияти раванди арзёбӣ андешаронӣ намуданд.
Зимни муҳокимаҳо масъалаҳои мутобиқ намудани воситаҳои арзёбӣ ба стандартҳои давлатии таҳсилот, ба назар гирифтани хусусиятҳои синну солии хонандагон ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, иштирокчиён доир ба тартиби гузаронидани санҷишҳои пилотӣ ва таҳлили натиҷаҳои онҳо мубодилаи таҷриба анҷом доданд.