РАФТИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ МАЪМУРИЯТИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН»

12 феврали соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Ҳисор семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он 150 нафар мушовирони кабинети методӣ, муовинони директорон оид ба таълим ва роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ фаъолона иштирок намуданд.
Семинар бо мақсади баррасии роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва такмили рушди касбии омӯзгорон баргузор карда шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои таҳкими фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ, татбиқи таҷрибаҳои муосири таълим, истифодаи усулҳои навоваронаи педагогӣ ва ташкили дастгирии методии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон иштирокчиён таҷрибаи амалии муассисаҳои таълимиро муҳокима намуда, оид ба роҳҳои беҳтар намудани сифати таълим, густариши ҳамкории байни маъмурияти муассисаҳо ва сохторҳои методӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Семинар дар фазои ҳамкории касбӣ ва табодули таҷрибаи судманд ҷамъбаст гардид.