СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ МАЪМУРИЯТИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН»

12 феврали соли 2026 бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти умумии №2-и шаҳри Роғун семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Чорабинӣ ба баррасии масъалаҳои марбут ба рушди касбии омӯзгорон ва такмили фаъолияти идоракунии муассисаҳои таълимӣ бахшида шуд. Дар семинар 69 нафар роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, муовинони директорон оид ба таълим ва мушовирони кабинети методӣ иштирок намуданд.
Дар рафти семинар таваҷҷуҳи махсус ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти методӣ, рушди малакаҳои касбии омӯзгорон ва татбиқи усулҳои муосири таълим дода шуд. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани ҳамкории сохторҳои идоракунии муассисаҳои таълимӣ дар самти дастгирии фаъолияти омӯзгорон мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён таҷрибаи амалии худро муаррифӣ намуда, оид ба ҷорӣ намудани равишҳои инноватсионӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар анҷом иштирокчиён аҳамияти идомаи чунин чорабиниҳои омӯзиширо муҳим арзёбӣ намуда, семинар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда ҷамъбаст гардид.