2 марти соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти умумии №28 шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ бо иштироки муовинони директор ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Семинар ба мавзуи «Рушди муттасили касбии омӯзгор» бахшида шуда, дар доираи чорабиниҳои тақвият бахшидани фаъолияти методӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон роҳандозӣ шуд. Зимни чорабинӣ масъалаҳои такмили ихтисос, худомӯзии касбӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим, инчунин нақши роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ дар ҳамоҳангсозии фаъолияти омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён доир ба таҳияи нақшаҳои инфиродии рушди касбӣ, ташкили муҳити мусоиди омӯзишӣ дар муассиса ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.
Дар анҷоми семинар таъкид гардид, ки рушди муттасили касбии омӯзгор омили асосии баланд гардидани сифати таҳсилот буда, тақвияти ҳамкории роҳбарият ва сохторҳои методӣ метавонад заминаи устувори пешрафти муассисаҳои таълимиро фароҳам созад.

734024 ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 50
( +992 ) 222-16-02, 222-19-02
t.metodi@maorif.tj